Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 July 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 170-21 аз  9.06.2016

 

Дар бораи муайян намудани макони ярмаркаҳои доимоамалкунандаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ва баргузории аксияҳо  

 

Бо мақсади таъмини пайвастаю пайгиронаи бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ва дигар молу маҳсулоти ниёзи аввалия ва ба низом даровардани раванди баргузории ярмаркаҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР    МЕКУНАМ:

1.   Майдони назди Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» макони доимоамалкунандаи ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ва дигар молу маҳсулоти ниёзи аввалия ва гузаронидани аксияҳои гуногуни таблиғотии молистеҳсолкунандагони ватаниву хориҷӣ муайян карда шуда, дар рӯзҳои истироҳатӣ ва арафаи ҷашну идҳо ба соҳибкорон, ширкатҳо ва хоҷагиҳои деҳқоние, ки истеҳсолкунандаи бевоситаи молу маҳсулот мебошанд, ҷиҳати иштирок дар онҳо ба таври ройгон иҷозат дода шавад.     

2.   Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи савдои Пойтахт-90», Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе  (Қунғуротзода Ф.),  Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Салимов А.М.), Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе (Назарзода И.Ҳ.), раёсатҳои назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе (Қармишев Б.Д.), ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе (Раҳимов Т.К.), Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Ҳабибов А.Ҳ.) ва дигар сохторҳои марбута дар ҳамкорӣ бо Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қурбониён И.К.) тибқи муқаррароти қонунгузорию санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ назорати қатъии сифати молу маҳсулоти пешниҳодшударо дар ярмаркаҳо ва иҷрои вазифаю ваколатҳояшонро ҳангоми баргузории ярмаркаю аксияҳои зикршуда таъмин намоянд.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тавассути Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» ва васоити ахбори оммаи электронию чопӣ инъикоси ҳамаҷонибаи  Қарори мазкурро ба роҳ монад.

 4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Ш. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ