Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 July 2016

11 июли соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шахри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони васеи сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ҷаласаи кории шаҳрдорӣ доир гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама масоили вусъатбахшию андешидани тадбирҳои иловагӣ барои иҷрои нишондодҳои барномавӣ дар соли 2016 оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр, бахусус нақшаҳои буҷет ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мавриди баррасӣ ва таҳлилҳои амиқ аз ҷониби Раиси шаҳр қарор гирифта, вобаста ба ҳар кадом соҳаҳо ба масъулини дастуру супоришоти қатъӣ ироа гардиданд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин бо дахли масъалаи роҳандозии омодагиҳои ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017, хусусан аз ҷониби соҳибмулкон омода кардани бинову иншоот ва манзилҳои истиқоматӣ ба қабули гармӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев муовини соҳавии Раиси шаҳр Шакарбек Самадов ва раисони ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки дар ин самт бо ҷалби васеи соҳибмулкон таҷдиди системаҳои мавҷудаи гармиқабулкуниро бо риояи меъёру технологияҳои амалкунанда то оғози мавсим ба анҷом расонида, дар минтақаҳои омодашуда санҷишҳои гидравликиро амалӣ намоянд.

Дар иртибот ба амалисозии нақшаҳои шаҳрдорӣ оид ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ чӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва соҳибкорӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ   Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулинро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ нигаронида, ҳамзамон дастур фармуд, ки нисбати дилхоҳ сохтмонҳои дар марзи шаҳр мутобиқ ба Қарорҳои марбутаи Раиси шаҳр амалишаванда оид ба аз рӯи таъинот истифодашавии қитъаҳои замини зерисохтмонӣ, сифату риояи технология ва масолеҳи сохтмонӣ, инчунин тибқи муқаррарот мавриди  истифода қарор додани иншооти омодашуда сохторҳои зидахли  давлатӣ ҳар кадоме дар доираи ваколат ва салоҳияти хизматӣ назоратро пурзӯр намоянд.

Дар ин зимн маротибаи дигар аз масъулин тақозо кард, ки бо таҳким бахшидан ба интизому самаранокии меҳнат алайҳи дилхоҳ амалҳои коррупсионӣ чораҳои муассир андешанд. Гузашта аз ин, муқаррар сохт, ки дар сурати аз ҷониби корманди дилхоҳ сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ даст задан ба амалҳои коррупсионӣ  минбаъд роҳбари он сохтор аз вазифа сабукдӯш карда мешавад.

Дар ҷаласа, ҳамзамон бо натиҷагирӣ аз тадбирҳои роҳандозинамудаи шаҳрдорӣ оид ба ғанигардонидани бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон, Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти директорони бозорҳои коммуналии шаҳрро дар ин хусус нокифоя арзёбӣ намуда, директори КВД “Бозори Шоҳмансур” Бахтиёр Лақаевро аз вазифа сабукдӯш кард.

Илова бар он, барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолияти корӣ,  дар ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳр директори Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонти шаҳри Душанбе” Қурбон Одинаев низ аз вазифа озод  карда шуд.

Дар ҷаласа, инчунин дастур гардид, ки фаъолияти  гурӯҳҳои корӣ вобаста ба татбиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №131 аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе»  ва маъракаи 130 рӯзи ободонӣ дар ин хусус беш аз ҳарвақта вусъат додашуда, сафарбарсозии оммавии сокинон дар ин сабқат таъмин карда шавад.

Ҳамзамон, дар ҷаласа масоили хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарию экологӣ, бо инобати гармии ҳаво вусъати корҳои профилактикӣ оид ба эмин нигоҳ доштани дарахту сабзазорони шаҳр аз гармӣ, ҳолати зиддисӯхтории бинову иншоот, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас  ироа шуданд.