Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 October 2010

Комиссияи тендерии Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, тибқи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе № 579 аз 19 октябри соли 2010, «Дар бораи баргузории тендер» оиди хариди мавод-ҳои доруворӣ барои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе

тендер тариқи иштироки номаҳдуд эълон менамояд.

 

Иштироки довталабон дар озмун бо дарназардошти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва шартҳои зерин ба инобат гирифта мешавад:

- оинномаи корхона;

- иҷозатнома (литсензия) барои иҷрои корҳои хариду фурўш;

- кафолати таъмини пешниҳоди тендерӣ (кафолати бонкӣ);

- гувоҳномаи Нозироти андоз;

- гувоҳномаи Фонди ҳифзи иҷтимоӣ;

- маълумотнома оид ба таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо маводҳои доруворӣ дар 2-3 соли охир;

- номгўи корҳо бо назардошти ҳаҷми он дар доираи маблағи ҷудошуда;

- пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.

Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ довталабон метавонанд ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, бо суроғаи: шаҳри Душанбе, кўчаи Айнӣ-12 «А», бо телефонҳои 223 - 13 - 73, 227-54-75, 919-27-27-72, 907-70-98-52 муроҷиат намоянд. 

Рўзи гузаронидани тендер 9 ноябри соли 2010, соати 10:00

Макони баргузории тендер: толори калони маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (хиёбони Рўдакӣ-48 «а»). 

Эзоҳ: Мўҳлати ниҳоии қабули пешниҳодоти тендерӣ то соати  17.00 - и 8 ноябри соли 2010.