Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 July 2016

 

Қарори раиси шаҲри Душанбе №191-1 аз 8 июли соли 2016 Дар бораи баргузории тендер

ҲАЙАТИ

комиссияи тендерӣ (дар асоси мувофиқа) барои интихоби пуратчии иҷрои корҳои мултимедию мепингии намоиши ҷашнӣ бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ»

 

Олимов Кароматулло

Ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссия

Орумбекзода Шамсиддин

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия 

Назаров Обид

Роҳбари бадеии Намоиши ҷашнӣ бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муовини раиси комиссия

Аъзоёни комиссия:

Пирзода Маҳмадсаид

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низом Қосим

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Асрорӣ Мирзошоҳрух

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Муҳамммад Ғоиб

Шоири халқии Тоҷикистон

Тағоймурод Розиқов

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Фароғат Азизӣ

Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Низомов Аслиддин

доктори илмҳои санъатшиносӣ, композитор

Саидов Носир

Директори киностудияи Тоҷикфилм

Ҷалолов Набиҷон

Сардори Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Раҷабов Убайдулло 

Директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангу фароғатии «Пойтахт-80»

Юнусов Наврўз

Директори Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»

Ҳоҷиев Мутаҳиддин

 

сардори Раёсати хазинадории Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе, мутахассиси дорои сертификати харид

     

Шартҳои

  озмун ҷиҳати интихоби хизматрасони иҷрои корҳои мултимедию видеомепингии намоиши ҷашнӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ»

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати интихоби хизматрасони иҷрои корҳои мултимедию видеомепингии намоиши ҷашнӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ» бо истифода аз усули хариди давлатӣ тариқи иштироки номаҳдуд, бо маҳдуд намудани муҳлати пешниҳоди дархостҳои тендерӣ озмуни кушоди  байналмилалӣ  эълон менамояд.

Макони баргузорӣ: Корхонаи воҳиди давлатии «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ» дар шаҳри Душанбе 

Вақти барномаи фарҳангии ҷашнӣ бо инобати пахши намоишҳои мултимедию видеомепингӣ: 1 соату 30 дақиқа

Мақсади озмун: Ҷалб ва таъмини иштироки васеи ширкату шахсони воқеию ҳуқуқии ватанӣ ва  хориҷӣ дар таҳия ва иҷрои корҳои мултимедию видеомепингии намоиши ҷашнӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ки бо ғоя ва мазмуну мундариҷаи сенарияи тасдиқгардида мувофиқ буда, таҷассумгари тамоми дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии 25 - соли даврони соҳибистиқлолӣ ва заминасози дурнамои дурахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Талаботҳои озмун: Истифодаи усулҳои муосири таҷрибашудаи ҷаҳонии мултимедӣ ва видеомепингӣ ҷиҳати амалӣ намудани ғояи сенарияи тасдиқгардида  мутобиқ ба имкониятҳои мавҷуда ва татбиқи он бо назардошти ситоразории самою зинаҳои (террасаҳои) болоии варзишгоҳ

Шартҳои озмун: Ширкатҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ лоиҳаи худро танҳо бо риояи  талаботҳои зерин унвонии фармоишгар пешниҳод намоянд:

1.     Пешниҳодҳои мултимедию видеомепингӣ бояд фарогири таърихи 25 соли даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

 

2.     Пешниҳодҳо бо матн, суруд, мусиқӣ, пантомима, либос, ороиш  ва ҳаракати антуражу иштирокчиёни барнома ҳатман  ҳамоҳанг буда, ҳамзамон аз нигоҳи муҳтаво таҷассумкунандаи асолати миллӣ ва сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

3.      Дар пешниҳодҳои мултимедию видеомепингии намоиши ҷашнӣ муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқ, ташаббускор, талқинкунандаи сулҳ ва қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонии дорои захираҳои зиёди табиӣ, обӣ ва боигариҳои  зеризаминӣ бояд мавқеи хос дошта бошад.

4.     Истифодаи усулҳои муосири таҷрибашудаи ҷаҳонии мултимедӣ ва видеомепингӣ воқеияти реалӣ кардани тахайюлотро бояд дошта бошанд.

5.     Тараннуми сулҳ, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар дар пешниҳоди мултимедию видеомепингии намоиши ҷашнӣ ҳамаҷониба инъикос ёбанд

 

Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1.     Нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисии корхона ва ё ширкат

2.     Пешниҳоди тендерӣ

3.     Муҳлати иҷрои кор;

4.     Кафолати бонкӣ барои иҷрои шартҳои дархости тендерӣ дар ҳаҷми 1 % аз маблағи пешниҳоди тендерӣ;

5.     Маълумотномаи нозироти андоз, макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои батаъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 30 рўз то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.

6.     Маълумотнома оид ба мавҷудияти захираҳои моддӣ – техникӣ.

7.     Тахассуси кормандон;

8.     Маълумотнома оид ба ҳаҷми умумии қарордодҳои ба ин монанд дар 2-3 соли охир иҷро намуда;

9.     Пардохти бебозгашти ҳаққи иштирок дар тендер

Ширкату шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ метавонанд лоиҳаҳои худро бо рамзгузории озод дар кунҷи болои тарафи рости лифофа иборат аз 3 (се) рақам бо навиштаҷоти «Ба озмун» аз 9 то 21 июли соли 2016 ба Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  пешниҳод намоянд. Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рўдакӣ, 48А

Озмун на дертар аз 23 июли соли 2016 ҷамъбаст мегардад.

Телефон барои тамос: 221-66-08, 221-29-68, почтаи электронӣ: dushanbe80@yahoo.com