Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 July 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №  194 аз  11  июли  соли 2016

 Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар хиёбону кӯча ва роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе мавриди гузаронидани тамринҳои сафороии хизматчиёни ҳарбӣ баҳри омодагӣ ба таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Муроҷиати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон №10/735 аз 11 июли соли 2016-ро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автообилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»

 ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.           Аз 12 июл то 18 августи соли 2016 дар роҳи автомобилгарди хиёбони Ҳофизи Шерозӣ аз соати 1500 то соати 1800 ва аз 19 август то 7 сентябри соли 2016 дар хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи Шотемур то буриши кӯчаи Бухоро, майдони «Дӯстӣ») аз соати 1900 то соати 2200 ҳамарӯза, ба истиснои рӯзҳои якшанбе, бинобар гузаронидани тамринҳои сафороии хизматчиёни ҳарбӣ – иштирокчиёни Паради ҳарбӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати воситаҳои нақлиёт манъ карда шавад.

2.           Вобаста ба муқаррароти банди 1 Қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотра-сон» (Искандаров Ғ.Қ.), шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Мирзомуродов Р.Т.) ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе (Камолов Ф.У.) самти ҳаракати нақлиёти мусофирбарро, ки аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи Шотемур то буриши кӯчаи Бухоро, майдони «Дӯстӣ») мегузарад, ба воситаҳои кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар тағйироти зарурӣ ворид намоянд.  

3.           Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Мирзомуродов Р.Т.) ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва шаҳрвандон дар кӯчаҳои ҳамшафат, аз ҷумла бо гузоштани аломатҳои роҳ, чораҷӯӣ намояд.

4.           Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5.           Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

      М.УБАЙДУЛЛОЕВ