Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 July 2016

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари боришоти зиёд ва  фаромадани сел дар минтақаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб, ки шоми 29 ба 30 июли соли 2016 ба вуқӯъ пайваст, сатҳа ва тирагии оби дарёи Варзоб аз меъёр зиёд гардид.

Бо инобати он, ки сарчашмаи фаъолияти ҳавзи танзими шабонарӯзии  КВД «Обу корези Душанбе»-ро канали дериватсионии аз дарёи Варзоб ҷоришаванда ташкил медиҳад  ва қисмати бештари шаҳрро он бо оби нӯшокӣ  таъмин менамояд,  бинобар сабаби беш аз меъёр зиёд шудани тирагии оби канали мазкур баҳри таъмини амнияти истеъмолии сокинон, бо пешниҳоди  сардори Хадамоти  назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Холмаҳмад Назаров  аз соати 7-и субҳи имрӯз интиқоли об тавассути ин ҳавз ба муштариён муваққатан  маҳдуд карда шуд.

Аз ин лиҳоз, баҳри бо оби нӯшокӣ  таъмин намудани аҳолии аз ҳисоби ҳавзи танзими шабонарӯзӣ хизматрасонишаванда  бо дастури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  тамоми имконияти сохторҳои ноҳияҳои шаҳр ва КВД «Обу корези Душанбе»  бобати  ба шаҳраку маҳаллаҳо сафарбарсозии мошинҳои обкашонӣ равона карда шуд.

Ҳамзамон, шаҳрдорӣ бинобар сабаби ҳолати фавқулода муваққатан маҳдуд шудани интиқоли об дар минтақаҳои алоҳидаи шаҳр даъват ба миён меоварад, ки нисбати  роҳандозӣ шудани  ин тадбири иҷборӣ бо ҳусни тафоҳум муносибат карда, бо захира намудани  миқдори оби зарурӣ, онро танҳо пас аз ҷӯшонидан истеъмол намоянд.