Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 August 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №217 аз 2 августи соли 2016

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубурҳои қутрашон 900 мм, 600 мм ва 300 мм, воқеъ дар майдони «Сарҳадчиён» - и кӯчаи Гагарин

            Муроҷиати Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе №1/210 аз 4 июли соли 2016-ро баррасӣ намуда, бо мақсади татбиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №498 аз 12 ноябри соли 2015 «Дар бораи ѓолиби тендер» оид ба «Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ, воқеъ дар майдони «Сарҳадчиён»-и кӯчаи Гагарин», ҷиҳати пайваст намудани қубурҳои қутрашон 900 мм, 600 мм ва 300 мм ба қубурҳои амалкунандаи майдони «Сарҳадчиён»-и кӯчаи Гагарин, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои мувофиқашудаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» - и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дар се марҳала муваққатан аз соати 800 рӯзи 4 то соати 800 рӯзи 5 августи соли 2016 қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури  қутраш 300 мм, аз соати 800 рӯзи 10 то соати 800 рӯзи 11 августи соли 2016 қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури  қутраш 900 мм ва аз соати 800 рӯзи 17 то соати 800 рӯзи 18 августи соли 2016 қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури  қутраш 600 мм, воқеъ дар майдони «Сарҳадчиён»-и кӯчаи Гагарин тасдиқ карда шавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни пайваст намудани қубурҳои амалкунанда, воқеъ дар майдони «Сарҳадчиён»-и кӯчаи Гагарин, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини зерин, аз ҷумла:

- қубури қутраш 300 мм маҳаллаҳои Гулистон ва П.Толиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ;

- қубури қутраш 900 мм, маҳаллаҳои Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва Навободи поён, Буни Ҳисорак, Лучоби боло ва Лучоби поён, Қазоқон, Испечак 1, 2, 3, Ҳаёти нав, шаҳракҳои 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон-1, Зарафшон-2 ва гузари Муҳандис;

- қубури қутраш 600 мм, кӯчаҳои Фирӯз, С.Ѓанӣ, Варзоб-ГЭС-и поён, Ҳ.Ҳакимзода (аз кӯчаи Гагарин то кӯчаи Ѓ.Абдулло), биноҳои беморхонаи ҳукуматӣ, беморхонаи №5, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино, Сафоратхонаи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии илмии боѓи марказии ботаникии «Ирам» қатъ мегардад.

3. Аз обистифодабарандагони кӯчаҳою маҳаллаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

4. Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ Қурбонов А.Ҷ., Сино Ализода С.А. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Исупов Ф.А. дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

5. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Ҳабибов А.Ҳ.) сифати оби нӯшокиро мутобиқи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО

оиди муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 300 мм дар майдони  «Сарҳадчиёни» - и кӯчаи Гагарин бо мақсади пайваст намудани қубури ивазгардида ба қубурҳои амалкунанда

 

Номгӯи чорабиниҳо

Вақти иҷроиш

Мутассадӣ

1.

Эълон барои огоҳонидани аҳолӣ ба воситаи радио ва телевизион, барои зарурияти захира намудани оби нӯшокӣ ба муддати як шабонарӯз

як шабонарӯз қабл аз оѓози корҳо

МД «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе

 

2.

Боздоштани интоқоли об нӯшоки дар  қубури қутраш  300 мм дар майдони «Сарҳадчиён» - кӯчаи Гагарин

аз соати 8-00 то 12-00  рӯзи «4» августи  соли 2016

КВД «Обу корези Душанбе»

3.

Буридани ҷои пайвастшавии қубурҳо

аз соати 12-00 то 17-00  рӯзи «4» августи соли 2016

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон»

4.

Пайвасти қубурҳои нав ба қубурҳои амалкунанда

аз соати 17-00 рӯзи «4»  август  то  соати    06-00 рӯзи «5» августи  соли 2016

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон»

6.

Ба кор даровардани қубури қутраш 300 мм, воқеъ дар майдони «Сарҳадчиёни» - и кӯчаи Гагарин ва бо об таъмин намудани истифодабарандагон

аз соати 06-00 то 08-00 рӯзи «5» августи соли 2016

КВД «Обу корези Душанбе»

 

НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО

оиди муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 900 мм дар майдони «Сарҳадчиёни» - и кӯчаи Гагарин бо мақсади пайваст намудани қубури ивазгардида ба қубурҳои амалкунанда

 

Номгӯи чорабиниҳо

Вақти иҷроиш

Мутассадӣ

1.

Эълон барои огоҳонидани аҳолӣ ба воситаи радио ва телевизион, барои зарурияти захира намудани оби нӯшокӣ ба муддати як шабонарӯз

як шабонарӯз қабл аз оѓози корҳо

МД «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе

 

2.

Боздоштани интоқоли об нӯшоки дар  қубури қутраш 900 мм дар майдони «Сарҳадчиён» - кӯчаи Гагарин

аз соати 8-00 то 12-00  рӯзи «10» августи   соли 2016

КВД «Обу корези Душанбе»

3.

Буридани ҷои пайвастшавии қубурҳо

аз соати 12-00 то 17-00  рӯзи «10» августи  соли 2016

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон»

4.

Пайвасти қубурҳои нав ба қубурҳои амалкунанда

аз соати 17-00 рӯзи «10»  август то  соати    06-00 рӯзи «11» августи соли 2016

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон»

6.

Ба кор даровардани қубури қутраш 900 мм, воқеъ дар майдони «Сарҳадчиёни» - и кӯчаи Гагарин ва бо об таъмин намудани истифодабарандагон

аз соати 06-00 то 08-00 рӯзи «11» августи  соли 2016

КВД «Обу корези Душанбе»

 

НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО

оиди муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 600 мм дар майдони «Сарҳадчиёни» - и кӯчаи Гагарин бо мақсади пайваст намудани қубури ивазгардида ба қубурҳои амалкунанда

 

Номгӯи чорабиниҳо

Вақти иҷроиш

Мутассадӣ

1.

Эълон барои огоҳонидани аҳолӣ ба воситаи радио ва телевизион, барои зарурияти захира намудани оби нӯшокӣ ба муддати як шабонарӯз

як шабонарӯз қабл аз оѓози корҳо

МД «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе

 

2.

Боздоштани интоқоли об нӯшоки дар  қубури қутраш 600 мм дар майдони «Сарҳадчиён» - кӯчаи Гагарин

аз соати 8-00 то 12-00  рӯзи «17» августи   соли 2016

КВД «Обу корези Душанбе»

3.

Буридани ҷои пайвастшавии қубурҳо

аз соати 12-00 то 17-00  рӯзи «17» августи соли 2016

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон»

4.

Пайвасти қубурҳои нав ба қубурҳои амалкунанда

аз соати 17-00 рӯзи «17»  август то  соати    06-00 рӯзи «18» августи соли 2016

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон»

6.

Ба кор даровардани қубури қутраш 600 мм, воқеъ дар майдони «Сарҳадчиёни» - и кӯчаи Гагарин ва бо об таъмин намудани истифодабарандагон

аз соати 06-00 то 08-00 рӯзи «18» августи  соли 2016

КВД «Обу корези Душанбе»