Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 November 2010

1 ноябри соли 2010 дар Макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи маъмулӣ, бо гузашти ду ҳафтаи муқаррарӣ ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масъалаҳои ҷараёни татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва иштироки ширкатҳои лоиҳакашиву  сохтмонии ватаниву хориҷӣ дар он ва баррасии масъалаҳои рўзмарраи сохтмончиён ва ташаббусҳои созандаи онҳо баргузор гардид.

Дар ҷаласа, ин навбат дар радифи сохторҳои масъули шаҳрдорӣ шахсони воқеиву ҳуқукии дар асоси Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе барои сохтмони иншооти нави таъиноти манзилӣ ва гуногундошта, ки бо вуҷуди мўҳлатҳои муқарраргардида оғоз ва иҷрои корҳои сохтмониро   ба таъхир андохтаанд ширкат варзиданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо баррасии ҳолати мавҷудаи ҳар як иншооти бунёдшаванда, ки дар мўҳлати се соли муқарраргардида ба корҳои сохтмонӣ оғоз накардаанд бори дигар хотиррасон намуд, ки дар сурати аз ҷониби онҳо дар мўҳлати ду хафта амалӣ насохтани фаъолияти зарурӣ Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе беэътибор донисташуда, тариқи озмун иншооти тибқи Нақшаи генералии шаҳр пешбинигардида ба довталабони дигар вобаста карда мешаванд. Дар ин зимн нахоҳад гузошт, ки дастгириҳои шаҳрдорӣ аз ташаббуси соҳибкорон дар татбиқи Нақшаи генералии шаҳр ба тавлиди бозори ғайриқонунии савдои иншоот боис гардад.

Дар робита ба татбиқи Нақшаи генералии шаҳр дар қисмати кўчаҳои протоколӣ (кўчаи А.Дониш - С. Айнӣ -хиёбони Рўдакӣ-Чорбоғ), ки бо тасмими шаҳрдорӣ амалӣ гардонида мешаванд, дар асоси талаботи Нақшаи генералӣ ва эълони қаблии шаҳрдорӣ аз 14 июни соли 2010 Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр сохт, ки қитъаи замини биноҳои мавҷудаи камоёшнаи дар шафати роҳҳои кўчаҳои зикргардида ҷойгирбуда барои эҳтиёҷоти давлативу ҷамъиятӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе гирифта шуда, бо сафарбарсозии маблағҳои буҷетӣ ва шахсони воқеию ҳуқукии дархосткунанда ҳамчун фармоишгар соҳибмулкон бо манзили баробарарзиш аз ҳисоби сохтмони биноҳои баландошёнаи манзилӣ, ки  дар қитъаҳои замини гирифташуда бунёд мешаванд таъмин мегарданд, ё худ бо хоҳиши онҳо тибқи қонунгузории кишвар ба ҳар кадоме ҷуброни нархи бозории квартираҳо пардохт мегардад.

Бо ин мақсад барои дарёфти беҳтарин лоиҳаҳои сохтмонӣ ва дархости иштироки шахсони воқеию ҳуқукии ватаниву хориҷӣ то 20 ноябри соли 2010 миёни субъектҳои  лоиҳакашӣ новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ озмун эълон гардид.

Ҳамзамон бо дахли масоили азхудкунии даври дуюми қитъаҳои замин барои сохтмони манзили истиқоматии индивидуалӣ дар маҳаллаи «Ховарон», ки  ин навбат 727 қитъаи замин  барои татбиқи нақшаи тарҳрезии маҳали кварталҳои 14 ва 15  тақсим карда мешавад, дастур гардид баррасӣ ва таҳлили аризаҳои шаҳрвандони қаблан унвонии шаҳрдорӣ муроҷиаткарда оид ба дақиқсозии воқеияти эҳтиёҷоти онҳо ба беҳбудбахшии вазъи манзилӣ дар сатҳи ноҳияҳо – макони зисти муроҷиаткунандагон бо ҷалби потенсиали комиссияҳои ҷамъиятӣ тибқи тартиби ҷорӣ шурўъ  карда шавад.

 Муқаррар гардид, ки барои муҳайё кардани шароитҳо ба шаҳрвадон баҳри вусъати корҳои сохтмонӣ дар маҳаллаи «Ховарон» бунёди ду мағозаи ихтисосии фурўши масолеҳи сохтмонӣ дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин ба роҳ монда шавад.

Инчунин таъкид гашт, ки сохтмони хатҳои муҳандисию инфрасохторӣ ва муассисаҳои таъиноти иҷтимоию маишидошта бахусус майдончаҳои варзишию фароғатӣ барои наврасон дар кўтоҳтарин мўҳлат дар ин минтақа аз ҳисоби буҷети шаҳр амалӣ карда шаванд.

Дар робита ба масоили ҷараёни бунёди 626 манзилҳои индивидуалӣ дар шаҳракҳои 192 ва 193 дар маҳаллаи «Ховарон», ки айни ҳол дар асоси Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр аз ҷониби шаҳрвандон сохтмонҳо идома доранд таври қатъӣ супориш гардид, ки ҷиҳати риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ аз ҳисоби зиёд намудани воҳидҳои назорати техникию меъморӣ корҳои назоратӣ таври доимӣ пурзўр карда шаванд.

Дар ҷаласа бо сабаби роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолияти корӣ ва таъмин накардани назорати зарурии меъморӣ дар ҷараёни бунёд ва истифодаи иншоотҳо дар қаламрави пойтахт сардори Бозрасии назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии назди Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Абдураҳмон Каримов аз вазифа сабукдўш карда шуд.