Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 August 2016

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №219 аз 4  августи соли 2016 «Дар бораи баргузор намудани тендер» ҷиҳати интихоби хизматрасони мушакпаронии (фейерверки) идона бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ» бо истифода аз усули хариди давлатӣ тариқи иштироки номаҳдуд, бо маҳдуд намудани муҳлати пешниҳоди дархостҳои тендерӣ озмуни кушод  эълон менамояд.

Мақсади озмун: Ҷалб ва таъмини иштироки васеи ширкату шахсони воқеию ҳуқуқии ватанӣ ва  хориҷӣ дар таҳия ва иҷрои мушакпаронии (фейерверки) идона бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ки бо ғоя ва мазмуну мундариҷаи сенарияи тасдиқгардида мувофиқ бошад.


Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

 1.  Нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисии корхона ва ё ширкат

2.  Пешниҳоди тендерӣ

3.  Муҳлати иҷрои кор;

4.  Кафолати бонкӣ барои иҷрои шартҳои дархости тендерӣ дар ҳаҷми 1 % аз маблағи пешниҳоди тендерӣ;

5.  Маълумотномаи нозироти андоз, макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои батаъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад ва на дертар аз 30 рӯз то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст.

6.  Маълумотнома оид ба мавҷудияти захираҳои моддӣ – техникӣ.

7.  Тахассуси кормандон;

8.  Маълумотнома оид ба ҳаҷми умумии қарордодҳои ба ин монанд дар 2-3 соли охир иҷро намуда;

9.  Пардохти бебозгашти ҳаққи иштирок дар тендер

Ширкату шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ метавонанд лоиҳаҳои худро бо навиштаҷоти «Ба озмун» аз 6 то 16 августи соли 2016 ба Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  пешниҳод намоянд. Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 48А

Озмун на дертар аз 17 августи соли 2016 ҷамъбаст мегардад.

Телефон барои тамос: 221-66-08, 221-29-68

Почтаи электронӣ: dushanbe80@yahoo.com  farhang2008@mail.ru