Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 August 2016

15 августи соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт»  таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев   ҷаласаи васеи навбатии шаҳрдорӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва худфаъолияти ҷамъиятии шаҳр, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагию ширкатҳои соҳибмулкони манзил, кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, инчунин фаъолони гуруҳи фейсбуку сомонаҳои иҷтимоӣ.

Дар ҷаласа, Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни хулосабарорӣ ва натиҷагирӣ аз фаъолияти  анҷомгирифтаи гурӯҳҳои корӣ, ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №131 аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе»  дар доираи 130 рӯзи ободонӣ  то 12 августи соли ҷорӣ дар  ноҳияҳои шаҳр ҷараён дошт, зикр сохт, ки новобаста аз пайваста ва зери назорати ҷамъиятӣ идома доштани корҳои нақшавӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, баҳри расидан ба нишондодҳои ниҳоӣ дар ноҳияи Сино, ки теъдоди маҳаллаву шаҳракҳо дар таносуб ба дигар ноҳияҳои шаҳр зиёд аст, дар муҳлати боқимонда зери масъулияти шахсии раиси ноҳия иҷрои муқаррароти Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе дар радифи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шаҳмансур бо сафарбарсозии оммавии кулли сокинони шаҳр  ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт таъмин  карда шавад.

Ҳамзамон таъкид сохт, ки бо фарҷомёбии муҳлати 130 рӯзи ободонӣ, дар ҳудуди шаҳр таври бебозгашт ин сабқати созандагӣ идома ёфта, дар марҳилаи дуюм корҳои бунёдӣ дар қитъаҳои замини минтақаҳои аз сохтмонҳои ғайриқонунӣ холишуда, тибқи талаботи Нақшаи генералии шаҳр ва нақшаи муфассали тарҳрезии маҳалҳо баҳри ташкили шароитҳои арзанда барои истироҳату хизматрасонии сокинон роҳандозӣ карда мешаванд.

Илова бар он, Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур фармуд, ки сохторҳои дахлдор ҷиҳати пешгирии ғасби худсаронаи қитъаҳои замини аз сохтмонҳои ғайриқонунӣ холишуда назоратро пурзӯр карда, раисони ноҳияҳо оид ба ҷуброни хароҷотҳои масрафшудаи буҷетӣ аз ҳисоби шахсони воқеию ҳуқуқии ихтиёран иншооти худсохтро бартарафнакарда нисбати тавассути мақомоти судӣ рӯёнидани зарари расида тадбирҳои муассир андешанд.  

Ҳамзамон, бо дахли масоили солимгардонии ҷомеа ва истифодаи мақсадноку ҳифзи моликияти коммуналӣ, аз  ҷумла майдончаҳои варзишии дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бунёдшуда, ба масъулин супориш дод, ки баҳри худкифо намудани Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии иншоотҳои оммавии варзишӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе масъалаи дар соатҳои алоҳида  расонидани хизмати пулакиро дар доираи муқаррароти қонунгузории амалкунанда  баррасӣ намуда, ба Раиси шаҳр таклифи асоснок манзур созанд.

Дар ҷаласа, инчунин бо иштироки фаъолони пойтахт масоили дигари мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили ҳимояи ҳуқуқу амнияти истеъмолкунандагон, назорати давлатии сифати маҳсулоти озуқавории ба бозори истеъмолӣ воридшаванда, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои пулакӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, назорати маблағҳои буҷетии дар асоси тендерҳо дар сатҳи шаҳр ва ноҳияҳо азхудшаванда ва дар ин равобит пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ, роҳ надодан ба изофанависиҳо зимни таҳияи ҳуҷчатҳои харҷномавии лоиҳаҳои сохтмонӣ аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ, пешгирии ҳолатҳои худсарона буридани дархтони сабз, коркарди санитарии дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо ва  боғоту чаманзорҳои пойтахт, ороиши мавзӯии шаҳр ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ ва андешидани тадбирҳои муассир алайҳи хилофкорони Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳр матраҳ карда шуданд.

Дар фарҷом, Маҳмадсаид Убайдуллоев бори дигар таваҷҷуҳи ҳозиринро ба вусъати ташкили корҳои оммавӣ ҷиҳати омодасозии бинову иншоотҳо ба қабули гармии мутамарказ дар мавсими зимистон ҷалб намуда, ҳамагонро барои саҳмгирии бемисл дар сабқати созандагӣ, ки ба ифтихори 25-солагии Истиқлолият, ҷашнии ҷавонии давлати соҳибистиқлоламон дар паҳнои пойтахт доман паҳн кардааст, раҳнамун сохт.