Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 August 2016

22 августи соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт»  таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози баргузории Намоиши ҷашнии «Тантанаи Истиқлол» бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», раисони комиссияҳои доимии  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳанат, муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳою муовинони онҳо, роҳбарони дастгоҳи ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти шаҳрию ноҳиявии ҳифзи ҳуқуқ, масъулини раёсату шуъбаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва ҷавонони шаҳрию ноҳиявӣ,  хадамоти назорати давлатӣ, муҳандисию хизматрасониҳои коммуналӣ, ташкилоту идораҳои муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои ноҳиявии истифодабарии роҳҳо, бозорҳои коммуналию хусусӣ, ширкатҳои рекламавӣ, кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва фаъолони гуруҳи фейсбуку сомонаҳои иҷтимоӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа, қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолони пойтахтро бо дастоварди варзишгари шаҳри Душанбе Дилшод Назаров, ки  дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ сазовори медали тиллоии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардида, бо афзун намудани эътибору шарафи Тоҷикистон дар арасаи байналмилалӣ ин муваффақиятро ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ воқеан туҳфаи беназиру мондагор  намуд, самимона шодбош кард.

Аз ҷумла афзуд, ки дар доираи амалисозии сиёсати Пешвои миллат оид ба солимгардонии ҷомеа ва рушди соҳаи варзиш пайваста аз ҷониби шаҳрдорӣ бо ғамхориҳо фаро гирифтани варзишгарони шаҳр ва барои ҳавасмандсозии онҳо ба обутобу ғолибият дар сабқатҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳанӯз аз соли 2012 таъсис додани стипендияҳои гаронарзиши Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе самараи дилхоҳ медиҳанд ва шаҳрдорӣ барои пешвозу қадргардонии арзандаи Дилшод Назаров омодагиҳои ҳамаҷониба дидааст.  

Гузашта аз ин, зикр сохт, ки баҳри рушди соҳаи варзиш дар шаҳр ва боло бурдани натиҷаву дастовардҳои варзишгарон нисбати рушди мактабҳои олимпии шаҳр бо таҷдиди назар намудани низоми идоракунии онҳо дастгириҳои хосаи шаҳрдорӣ равона карда мешаванд.

Дар ҳамин рӯҳияи ифтихормандӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев инчунин дар ҷаласа ба фаъолони пойтахт барои бо дарки масъулият ва ибрати шахсӣ дар сабқати созандагии 130 рӯзи ободонӣ ба ифтихори омодагиҳо ба таҷлили 25-умин солгардиди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр саҳмгузорӣ намуданашон изҳори сипос карда, аз ҳамагон даъват ба миён овард, ки дар рӯзҳои боқимонда низ баҳри ҳадафманд ва пурсамар татбиқ намудани Қарори Раиси шаҳри Душанбе №131 аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» ҷиҳати  сафарбарсозии оммавӣ ва таъсиррасонӣ ба афкори сокинон фаъол бошанд.

Ҳамзамон аз фаъолон ва кулли сокинони шаҳр даъват ба миён овард, ки баҳри ҳифзу таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва суботи ҷомеа бо аз даст надодани ҳушёрию бедории сиёсӣ ҳамкориро бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ беш аз ҳарвақта тавсеа ва тақвият бахшанд.

Инчунин, бо инобати дар Корхонаи воҳиди давлатии «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ» баргузор шудани Намоиши ҷашнӣ ба сохторҳои зидахли шаҳрӣ дастур фармуд, ки барои беҳбуд бахшидани  ҳолати кунунии варзишгоҳ, ки дар тавозуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, тадбирҳои муассир андешанд.

Идома бар он, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати то ҳол ҷой доштани қонунвайронкуниҳо аз ҷониби баъзе афрод оид ба риояи танзими расму ойин, бо нигаронӣ аз фаъолияти масъулини шаҳрдорӣ ва комиссияҳои назорати ҷамъиятӣ дар ин хусус, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо вазифадор намуд, ки дар ин самт ва бахусус ҷиҳати аз байн бурдани савдои кӯчагӣ фаъолияташро пурзӯр карда, ҳар ҳафта оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо баҳри таъсиррасонӣ ба афкори сокинон натиҷаи тадбирҳои андешидаро тавассути Муассисаи давлатии «Телевизони Пойтахт» дастраси ҷомеа гардонад.

Дар ҷаласа, инчунин бо иштироки фаъолони пойтахт масъалаҳои  мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили ҳимояи ҳуқуқу амнияти истеъмолкунандагон, ғановату назорати давлатии сифати маҳсулоти озуқавории ба бозори истеъмолӣ воридшаванда, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои коммуналӣ, бахусус нақлиёти ҷамъиятӣ, сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи он, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарию эпидемиологӣ,  хуррамгардонии кӯчаву хиёбонҳо ва боғоту чаманзорҳои пойтахт, ороиши мавзӯии шаҳр ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, андешидани тадбирҳои муассир алайҳи хилофкорони Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳр, таҳкими риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ ва аз байн бурдани бетарафию эҳтироми сохта нисбат ба сокини пойтахт будан матраҳ карда шуданд.

Дар интиҳо, бо дарназардошти саҳми пайваставу масъулияти баланди занон - кормандони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр дар ободу хуррам нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Сарраёсати молияи шаҳр дастур фармуд, ки баҳри ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қадргардонии ҳар кадоми онҳо ҷиҳати расонидани кӯмаки молиявии якдафъина Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанберо омода ва пешниҳод намояд.