Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 August 2016

Ба ифтихори 25 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба анъаноти худ шаҳрдории Душанбе як зумра шаҳрвандонро аз категорияҳои низёманди шаҳр бо кӯмаки молиявӣ  сарфароз гардонид.

Ин навбат барои қадргардонии 4887 нафар сокинони марбут ба категорияҳои мухталифи шаҳр тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 240 аз 24 августи  соли 2016  аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ 4 млн. 524 ҳазору 800 сомонӣ бо дарназардошти ба 73 нафар маъюбон ва иштирокчиён Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, як нафар  ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида ва 3967 нафар кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр ба ҳар кадоме ба андозаи 1000 сомонӣ, 1 нафар муҳосирабудагони шаҳри Ленинград 800 сомонӣ ва ба 48 нафар шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар акибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, 152  нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, 115 нафар маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), 172 нафар маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва 318 нафар кормандони сохторҳои кабудизоркунӣ 600 сомонӣ, барои расонидани кӯмакпулии яквақта ҷудо карда шуд.

Кӯмаки молиявии мазкур тибқи муқаррароти Раиси шаҳр аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ ва ноҳияҳои пойтахт то 30 августи  соли 2016 дар расми тантанавӣ ба категорияҳои зикргардида тақдим карда мешаванд.

 

ҚАРОРИ  РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №240 аз 24.08.2016

          Дар бораи ҷудо намудани маблағ

Бо мақсади дар арафаи таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кумаки моддӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони рафъи садамаи Нерўгоҳи барқи атомии Чернобил, амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон) ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ки дар ободонии пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 8 ва 9  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе №3 аз 5 январи соли 2005 «Дар бораи дастгирии фаъолияти эҳсонкорӣ» 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Шоҳмансур - Сиёмарзода С., Исмоили Сомонӣ - Қурбонов А. Ҷ., Фирдавсӣ - Табарзода Ҷ., Сино -Ализода С.) барои дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар доираи санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ, расонидани кумаки моддӣ ба хонаҳои пиронсолон, кўдакону тифлон, мактаб-интернатҳо, муассисаҳои иҷтимоии шаҳрӣ ва оилаҳои камбизоат мусоидат намоянд.

2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 4 524 800 (чор миллиону панҷсаду бисту чор ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ҷиҳати расонидани кумакпулии яквақта, аз ҷумла       367 000 (сесаду шасту ҳафт ҳазор) сомонӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда (тибқи замимаи №1) ва маблағи 4 157 800 (чор миллиону яксаду панҷову ҳафт ҳазору ҳаштсад) сомонӣ ба кормандони Муассисаи давлатии «Боғи «Ғалаба» ва нигоҳдории ҷангал»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Раёсати оромгоҳҳо»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе (тибқи замимаи №2)  ҷудо намояд.                                                

3. Тақсимот ва супоридани маблағҳои аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар банди 2 ҳамин қарор зикршуда тавассути муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои шаҳр то 30 августи соли равон тариқи зайл ба роҳ монда шавад:

- ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе (ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ – Расулов А. Р., Фирдавсӣ – Мақсудзода Ш., Сино – Самадов Ш. Д., Шоҳмансур – Ҳакимов Н. Ҳ.) бо иштироки намояндагони Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ва кормандони раёсатҳои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматии онҳо; 

- ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби  муовинони Раиси шаҳри Душанбе (ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ – Расулов А. Р., Фирдавсӣ – Мақсудзода Ш., Сино – Самадов Ш. Д., Шоҳмансур – Ҳакимов Н. Ҳ.) бо иштироки намояндагони Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе.

4. Муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Қаюмов А.) истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои ҷудошударо бо тартиби муқарраргардида таъмин созад.

5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д. Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма ба роҳ монад.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Шуҳрат гузошта шавад.

                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 


Ҳисобнома

оид ба пардохти кумаки моддии якдафъаина бахшида ба таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба иштирокчиёну Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, муҳосирбудагони шаҳри Ленинград,  шахсони бо ордену медалҳои Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ (СССР) барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ-и солҳои 1941-1945 сарфарозгардида, шахсоне, ки шаш моҳ ва зиёда дар давраи ҶБВ-и солҳои 1941-1945 дар ақибгоҳ кор карда, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони рафъи садамаи Нерўгоҳи барқӣ-атомии Чернобил

 Ҳисобнома

оид ба пардохти кумаки моддии якдафъаина бахшида ба таҷлили 25 солагии чашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон