Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 August 2016

Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон, 27 майи  соли 2016

 

Бо мақсади татбиқи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории ҷаласаи якуми Шӯрои кор бо ҷавонон,  27 майи  соли 2016, тақвият додани тарбияи ватандӯстӣ ва зиракии сиёсии  насли наврасу ҷавон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Тадбирҳои замимагардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории ҷаласаи якуми Шӯрои кор бо ҷавонон,  27 майи  соли 2016 тасдиқ карда шаванд.

      2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор барои иҷрои саривақтии тадбирҳои замимагардида чораҳои амалӣ андешанд.

      3. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани муқаррароти дарҷгардида ба мақомоту сохторҳои мутасаддию иҷрокунанда шароити лозима муҳайё намуда, нақшаи чорабиниҳоро  қабул ва иҷрои сифатноки  онро таъмин намоянд.

  4. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи Қарори мазкур муқаррар карда шавад.

     5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) барои инъикоси Қарори мазкур тавассути воситаҳои ахбори омма чораҳои зарурӣ андешад.

     6.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. гузошта шавад.

                                                                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ


 

Тадбирҳои

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории ҷаласаи якуми Шӯрои кор бо ҷавонон, 27 майи  соли 2016