Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 November 2010

Дар робита ба зарурати татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар ҳудуди заминҳои минтақаи фарогири таҷдиди Ипподром  ва табдили он ба Наврӯзгоҳи шаҳрӣ, дар кӯчаи Тахмоси ноҳияи И.Сомонӣ, сохтмони Гимназия- интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Панҷруд ва навбати  дуюми идомаи бунёди иншооти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар кӯчаи  Ҳисораки маҳаллаи Буни Ҳисораки ноҳияи Сино қитъаи замини манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва дигар иншооти ҷойгирбуда барои эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифта мешаванд.

Ба 231 моликони хонаҳои истиқоматӣ, воқеъ дар  кӯчаи Тахмоси ноҳияи И.Сомонӣ  ва 50 хонаи истиқоматии дар кӯчаҳои Панҷруд ва Ҳисораки маҳаллаи Буни Ҳисораки ноҳияи Сино аз ҷониби шаҳрдорӣ тибқи қонунгузории амалкунанда квартираҳои баробарарзиш таъмин ё худ бо хоҳиши онҳо ҷуброни  зарар бо арзиши бозорӣ пардохт карда мешаванд.

Дар ин зимн, бинобар сабаби маҳдуд будани квартираҳои озоди фонди манзили коммуналӣ ба  таваҷҷӯҳи шаҳрвандони муроҷиаткунанда  расонида мешавад, ки шаҳрдорӣ айни ҳол имконияти пешниҳод намудани квартираҳои иҷоравӣ ва фурӯши онҳоро бо шартҳои имтиёзӣ  надорад ва  муваққатан баррасии ин гуна муроҷиатҳо қатъ карда мешаванд.