Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 September 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №243-1 аз 29.08.2016

Дар бораи ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Душанбе

 Бо мақсади таъмини пайвастаи бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия, мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

Қ А Р О Р     М Е К У Н А М:

1.   Макони ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ниёзи аввалия дар моҳҳои сентябр - декабри соли 2016 дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷойҳои зерин ба таври ройгон муқаррар карда шаванд:

     - ноҳияи Исмоили Сомонӣ - КВД «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» (хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд);

     - ноҳияи Шоҳмансур - КВД «Бозори Шоҳмансур» (хоҷагиҳои дехқонии ноҳияҳои  Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Файзобод);

     - ноҳияи Сино - ҶДММ «Ёвар» (хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав ва Ҳисор);

     - ноҳияи Фирдавсӣ - даромадгоҳҳои шимолу ҷануби «Боғи Дӯстии Халқҳо» (хоҷагиҳои дехқонии вилояти Хатлон).

       2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе: Исмоили Сомонӣ - Қурбонов А.Ҷ.,  Шоҳмансур - Сиёмардзода С., Сино - Ализода С.А. ва Фирдавсӣ - Табарзода Ҷ. А. дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ баргузор намудани чорабинии мазкур ва ҷалби ҳарчӣ бештари сокинони пойтахт ба он, инчунин ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар субъектҳои фаъоли истеҳсолии дар ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ширкаткунанда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

        3. Тибқи талаботи қонунгузорию санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе (Қармишев Б.Д.), Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Ҳабибов А.Ҳ.) сифати маҳсулоти ба фурӯш воридгардидаю ҳолати санитарию гигиенӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунѓуротзода Ф.), Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе (Назарзода И.Ҳ.) риояи тартиботи ҷамъиятию қоидаву меъёрҳои зиддисӯхторӣ ва дигар сохторҳои назоратӣ дар доираи салоҳияташон зимни баргузории чорабинии зикршуда иҷроиши талаботҳои меъёрии ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунанда вобастаро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

         4. Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (Юнусов Н.И.) ороиши макони ярмаркаҳоро бо навиштаҷоти идона дар лавҳаҳо таъмин намояд.         

   5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) ва Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» (Саидов Ш.Н.) инъикоси ҳамаҷонибаи Қарори мазкурро ба роҳ монанд.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Ш. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ