«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 September 2016

5 сентябри соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати  Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр ва вусъати корҳои омодагӣ ба татбиқи ҳамаҷонибаи чорабиниҳои марбута роҷеъ ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷаласа, қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати аз 26-уми апрел то 3-юми сентябри соли равон дар доираи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №131 аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» ба фарҷом расидани сабқати созандагии 130 рӯзи ободонӣ, барои бо дарки баланди масъулияти шаҳрдӯстӣ саҳми арзанда гузоштани сокинон ва масъулин дар ин маърака, ки воқеан дар беҳдошти муҳити зист, поксозии ҳудуди қитъаҳои замини истифодаи умуми бинову иншоот дар аксари шаҳраку маҳалла ва атрофи хонаҳои бисёрхонагӣ аз иҳотагириҳои ғайриқонунӣ ва барчидани сохтмонҳои ёрирасони худсохт нақши муассир гузошт, изҳори сипос намуда, афзуд, ки минбаъд низ ин тадбир боз ҳам таври густардаву фарогирии фарохтар зери масъулияти шахсии раисони ноҳияҳо бо сафарбарсозии оммавии кулли сокинону фаъолони пойтахт амалӣ карда мешавад.

Дар ин росто, ба тарроҳон ва ширкатҳои анҷомдодаи дӯхти либосҳои нави намоиши ҷашнӣ сипосмандии худро баён дошта, бо дарназардошти он, ки хиёбони Исмоили Сомонӣ  тибқи нақшаи тарҳрезикардаи шаҳрдорӣ дар арафа ва рӯзҳои ҷашни беназир ба маркази намоиши дастовардҳои даврони соҳибистиқолӣ табдил дода мешавад, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар сохт, ки  баҳри халал нарасонидан ба корҳои омодагии масъулин аз 6 то 10 сентябри соли равон ҳаракати троллейбусҳоро тавассути ин хиёбон манъ дошта, бо тавсеаю тақвият бахшидани фаъолияти муназзами дигар воситаҳои нақлиёт, тадбирҳои ороишию насби конструксияҳо аз ҷониби ноҳияҳо дар ин мавзеъ, асосан қисмати шабона амалӣ карда шавад.

Ҳамзамон, бо дахли дигар масъалаҳои хоҷагидории шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбарони сохторҳои марбутаи назорати давлатӣ, хизматрасонӣ ва раисони ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки баҳри озодаву пероста омодасозии шаҳр ба истиқболи ин ҷашни фархундаи давлатӣ, аз ҳама нигоҳ чорандешӣ карда, дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ беш аз ҳарвақта бобати ҳифзу таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷойҳои баргузории оммавии чорабиниҳои ҷашнӣ ва риояи одобу фарҳанги волои шаҳрнишинӣ аз ҷониби сокинон тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд.