Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 September 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ  №249 аз 20.09.2016

      Дар  бораи  баргузор  намудани  семинари машваратӣ-

      таълимӣ дар мавзӯи ҳамлу нақли мусофирон тавассути

      лоиҳаи  хатсайри намунавӣ (пилотӣ) ва таксиҳои сабукрави

      бо технологияи муосир таҷҳизонидашуда

       

        Бо мақсади ҷорӣ намудани технологияи муосир дар раванди ҳамлу нақли мусофирон тавассути таксиҳои сабукрав ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятии истифодаи умум, бо инобати пешниҳоди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1 (5.1)-515 аз 28 августи соли 2016, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

         1. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ.:

         - дар якҷоягӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани семинари машваратӣ-таълимӣ дар мавзӯи ҳамлу нақли мусофирон тавассути лоиҳаи хатсайри намунавӣ (пилотӣ) ва таксиҳои сабукрав дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мехколонна-50» дар санаи 26 сентябри соли 2016 бо иштироки масъулини соҳа, корхонаву ширкатҳои нақлиётии мусофирбарии пойтахт, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии нақлиёт» ва донишҷӯёну устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» ва намояндагони васоити ахбори омма чораҳои зарурӣ андешад;

         - дар ҳамбастагӣ бо Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбе-нақлиётхадамотрасон» (Искандаров Ғ.Қ.) ва роҳбарияти корхонаҳои коммуналию ширкатҳои хусусии ба хатсайрҳои дохилишаҳрӣ вобастакардашуда ҷараёни ҳамлу нақли мусофиронро тавассути хатсайри пилотӣ ва таксиҳои сабукрав мавриди омӯзиш қарор дода, дар сурати мусбат арзёбӣ намудани он корхонаҳо ва ширкатҳое, ки имконияти иҷрои фаъолияти мазкурро доро мебошанд, дар хусуси вобаста намудани хатсайрҳои дахлдор ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.

         2. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

         3. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ