Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 September 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №248 аз 20.09.2016

 Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар ҳалқаи маҳаллаи 82-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба сохтмони чорсӯи нақлиётии сесатҳа дар буриши хиёбонҳои Н.Махсум ва Б. Ғафуров

 

Бо мақсади гузаронидани корҳои сохтмонию азнавсозии роҳи автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар иншооти «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода - сарҳади ӯзбекистон, аз пайкараи А.Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе, мавқеи километри 1,2 то 1,9 хиёбони Н.Махсум», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», моддаҳои 10, 20 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» 

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.             Бо инобати муроҷиати Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1-454 аз 19 июли соли 2016 бинобар оғоз шудани корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди хиёбонҳои Н.Махсум ва Б.Ғафуров, воқеъ дар ҳалқаи маҳаллаи 82-и ноҳияи Сино ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ то 30 июли соли 2018 қатъ карда шавад ва Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбари истифодаи умум ва дигар воситаҳои нақлиётиро дар кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат тибқи замимаи №1 ба роҳ монда, танзим намоянд.

2.           Аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки дар якҷоягӣ бо Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳ  вобаста ба тағйир ёфтани ҳаракат дар роҳ, дар мувофиқа бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ таъмин намуда, баҳри танзими мунтазами ҳаракати нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат тибқи замимаи №2 ба тартиб дарорад ва бо инобати шартҳои техникии Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» №97 аз 25 августи соли 2014 ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонии иншооти «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода - сарҳади ӯзбекистон, аз пайкараи А.Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе, мавқеи километри 1,2 то 1,9 хиёбони Н.Махсум», бинобар пурра қатъ гардидани фаъолияти троллейбусҳо зарари молиявии корхонаро аз ҳисоби сметаи хароҷотии иншооти зикрёфта пардохт намояд. 

3.           Аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидоре, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият доранд, хоҳиш карда шавад, ки бобати саривақт кӯчонидани хатҳои мавҷудаи муҳандисии зери иншооти дар муқаддимаи ҳамин Қарор зикршуда ба фармоишгар - Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

4.           Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.Қ.) барои таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳаракати мунтазам ва бехатари воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат тадбирҳои мушаххас  андешад. 

5.           Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.           Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

Замимаи №1 ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №248 аз 20.09.2016

Нақшаи муваққатии ҳаракати  нақлиёти  истифодаи умум ва дигар намуди воситаҳои нақлиёт

Автобус

1.    Хатсайри №8 (маҳаллаи Зарафшон-2 - Фурудгоҳи куҳна)

2.    Хатсайри №13 (маҳаллаи Бунёдкорон – кӯчаи Гагарин) 

3.    Хатсайри №23 (маҳаллаи 104-ум – Истгоҳи Роҳи оҳан) 

4.    Хатсайри №26 (маҳаллаи Зарафшон – бозори Баракат) 

5.    Хатсайри №28 (маҳаллаи Испечк – ҶДММ Чимтеппароҳсоз) 

6.    Хатсайри №37 (маҳаллаи 104-ум – истгоҳи Роҳи оҳан)

7.    Хатсайри №90 (маҳаллаи Испечак-2  – бозори Шоҳмансур)

Троллейбус

1.  Хатсайри №2  (Фурудгоҳ  – тарабхонаи Гулдаста) 

2.  Хатсайри №10 (маҳаллаи Обшорон  – тарабхонаи Гулдаста) 

3.  Хатсайри №11 (Боғи Айнӣ  – тарабхонаи Гулдаста)

Микроавтобус

1.      Хатсайри № 8 (маҳаллаи Зарафшон - Хитойбозор) 

2.      Хатсайри №12 (кули Чорбоғ - маҳаллаи Сурхоб) 

3.      Хатсайри №17 (маҳаллаи 103 - Кӯчаи Гагарин) 

4.      Хатсайри №22 (кӯчаи Муҳаммадиев - донишгоҳи омӯзгорӣ) 

5.      Хатсайри №25 (маҳаллаи Зарафшон – Маҷмааи савдои Пойтахт- 90) 

6.      Хатсайри №28 (маҳаллаи Зарафшон – Маркази ташхиси техникӣ) 

7.      Хатсайри №35 (маҳаллаи Зарафшон-2 – маҳллаи Ховарон) 

8.      Хатсайри №46 (маҳаллаи Зарафшон – ҶСП Терминал) 

Нақшаи ҳаракати муваққатии воситаҳои нақлиёт ҳангоми азнавсозии роҳи ҳалқавии хиёбонҳои Н. Махсум - Б.Ғафуров.


Замимаи №2  ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №248 аз 20.09.2016


Рӯйхати кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафати иншооти «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон, аз пайкараи А.Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе воқеъ дар километри 1,2 то 1,9 хиёбони Нусратулло Махсум.

1.      Хиёбони Нусратулло Махсум (аз кӯчаи Маяковский то кӯчаи Баҳоваддинов);

2.      Хиёбони Бобоҷон Ғафуров (аз кӯчаҳои Баҳоваддинов, Шамсӣ то кӯчаи Алишер Навоӣ);

3.      Кӯчаи Баҳоваддинов (аз кӯчаи Алишер Навоӣ то хиёбони Бобоҷон Ғафуров);

4.      Кӯчаи Шамсӣ (аз хиёбони Бобоҷон Ғафуров то кӯчаи Маяковский);

5.       Кӯчаи Маяковский (аз хиёбони Нусратулло Махсум то кӯчаи Шамсӣ).