Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 September 2016

26 сентябри соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳою муовинони онҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳр ва ноҳияҳои он, комиссияҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамъиятии назорати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», хадамоти назорати давлатӣ, муҳандисию хизматрасониҳои коммуналӣ ва ташкилоту идораҳои муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷаласа Раиси шаҳр қабл аз ҳама аз фаъолияти имрӯзаи комиссияҳои амалкунандаи шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамъиятии назорати танзими расму оин дар шаҳр изҳори нигаронӣ намуда, бо таҳлили воқеияти мавҷуда, зикр сохт, ки аксаран қонунпоймолкуниҳо дар ин самт бо сабаби хунукназарии масъулин дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва муносибати якхелаву муносифонаро нисбати хилофкорон роҳандозӣ накардан  рӯи кор омада, ба он боис гардидааст, ки мутаассифона ҳолатҳои зиёдаравиҳои намоишкорона то ҳанӯз ҷой доранд.  

Барои роҳандозӣ накардани назорати дахлдор ва ташкили ҳамоҳангии фаъолияти комиссияҳои зикршуда ба муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷамила Лангариева, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Фирӯз Ӯлмасов ва мудири  шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Назруллоҳи Муҳаммадюсуф бо муқаррар кардани охирин огоҳӣ барои ислоҳи вазъ як моҳ муҳлат дода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Манзура Саломоваро аз вазифа сабукдӯш намуд.

Дар иртибот ба масъалаи мавриди таваҷҷӯҳ қарордошта  Маҳмадсаид Убайдуллоев аз мувақкатан иҷрокунандаи вазифаи прокурори шаҳр ва прокурорҳои ноҳияҳои шаҳр даъват ба миён овард, ки баҳри таъмини волоияти қонун чораҳои назоратиро пурзӯр намуда, ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, густариши фаъолият алайҳи ифротгароӣ ва дигар зуҳороти  номатлуб, пешгирӣ ва аз байн бурдани тақлидкорӣ ва таъсирасонии фарҳанги бегона тадбирҳои муассири оммавӣ андешанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти роҳбарияти Раёсат ва шуъбаҳои корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои онро  дар самти иҷрои қонуни зиркршуда ва аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, ба хусус нозирони минтакавиро ғайриқаноатбахш арзёби намуда,  дастур фармуд, ки оид ба рафъи ин зуҳуроти номатлуб бо дарки баланди масъулияти хизматӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Дар ҷаласа, ҳамзамон бо дахли масоили хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва ташкили фаъолияти муназзами он, баҳри  таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи мусофирон Маҳмадсаид Убайдуллоев лоиҳаи дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳиягардидаи Қарори Раиси шаҳри Душанберо оид ба ворид намудани тағйирот ба тарифҳои амалкунандаи нақлиёти ҷамъиятӣ бе баррасӣ гузошта, ба масъулин дастур фармуд, ки масъалаи мазкурро бо инобати  тамоми паҳлӯҳои иқтисодию иҷтимоӣ  маротибаи дигар мавриди пажӯҳиш қарор дода, таклифи асосноки бо сохторҳои марбута мувофиқагардидаро пешниҳод намоянд.    

Масъалаи аз байн бурдани камбудиҳои ошкоргардида зимни тафтиши мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ дар солҳои 2014- 2016  дар меҳвари асосии ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳр қарор дода шуд. Ҳамзамон бо таъсиси гуруҳҳои корӣ аз ҳисоби раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки воқеияти иҷроиши ӯҳдодориҳои тарафайн дар доираи шартномаҳои пудратии миёни фармоишгарон: Муассисаҳои   давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою  купрукҳои ҳудуди марзию  маъмурии шаҳри Душанбе» ва «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баимзорасидаи мавриди иҷроиш қарордоштаро бобати дар муҳлатҳои муқарраршуда бо риояи меъёрҳои сифати корҳои роҳсозию сохтмонӣ, тӯли як ҳафта мавриди санҷиш қарор дода,  ахбор манзур намоянд.

Дар ҷаласа, инчунин масъалаҳои  мубрам, аз қабили таъсиси ситодҳои соҳавии омодагӣ ба зимистони пешорӯ, пайвастаю пайгирона тавсеа ва тақвият бахшидани омодагиҳои тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ дар шаҳр ба мавсими  тирамоҳу зимистон дар соли равон, ҳимояи ҳуқуқу амнияти истеъмолкунандагон, ғановату назорати давлатии сифати маҳсулоти озуқавории ба бозори истеъмолӣ воридшаванда, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои коммуналӣ, сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи он, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарию эпидемиологӣ, ҳолати зиддисӯхторӣ, назорати ҷараёни таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омодагиҳо ба чорабиниҳои фарҳангӣ, бахусус Рӯзи Пурчам, матраҳ карда шуданд.

Дар фарҷом, Маҳмадсаид Убайдуллоев бори дигар таваҷҷуҳи ҳозиринро ба вусъати ташкили корҳои оммавӣ ҷиҳати омодасозии бинову иншоотҳо ба қабули гармии мутамарказ дар мавсими зимистон ҷалб намуда, масъулини Ситодҳои зимистонгузаронии шаҳрию ноҳиявиро муваззаф сохт, ки бо ҷалби соҳибмулкон бинову иншооти мутазаккираро барои гирифтани гармии таъинотӣ ҳамаҷониба омода созанд.