Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 September 2016

26 сентябри соли 2016 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев намояндагони бародаршаҳри Душанбе  - Санкт-Петербурги Федератсияи Россияро таҳти садорати Светлана Журкина – сардори Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва минтақаҳои Федератсияи Россияи Кумита оид ба робитаҳои хориҷии Санкт-Петербург бобати баррасии ҷузъиёти барномаи баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе ба ҳузур пазируфт. 

Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев аз иқдоми ҳамтои худ – Губернатори шаҳри Санкт-Петербург ҷиҳати ташкили сафари гурӯҳи корӣ дар омодасозӣ ва баррасии масъалаҳои марбута зимни сафари дарпешистодаи ҳайати бонуфузи доираҳои ҳукуматию бахши хусусӣ ба шаҳри Душанбе бо сарварии  ҷаноби Георгий Полтавченко баҳри густариши муносибатҳои бародаршаҳрӣ ва ба ин васила тақвият бахшидан ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр сохт, ки таҳкими робитаҳои бародаршаҳрӣ тақозои талаботи замони муосир мебошад. 

Зеро Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе бо инобати фарогирии чорабиниҳои марбут ба воридсозии инвеститсияҳои хориҷию технологияҳои ҷадид дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии шаҳрдорӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, фароҳам овардани шароитҳои қонунии будубош ва табодули таҷрибаи табибони варзидаи  санкт-петербургӣ, бахусус дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», тавсеаю тақвияти  ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду тиҷорат, таъсиси корхонаю коргоҳҳои муштарак, маорифу фарҳанг ва такмили заминаҳои омӯзиши забони русӣ ва ихтисосмандии корҷӯён аз шаҳри Душанбе тарҳрезӣ карда мешаванд.

Тарафҳо бо мақсади ҳаллу фасли масъалаҳои зикршуда ва ҷойдошта таъсиси гурӯҳҳои кории ду ҷонибро амри зарурӣ шуморида, гурӯҳҳои кориро муваззаф намуданд, ки  дар доираи консепсияи зикрёфта барномаи мукаммали Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанберо таҳия намоянд.