Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 September 2016

Дар доираи ҳидоятҳо ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат масъалаи тарбияи пайваставу пайгиронаи кадрҳои ҷавону лаёқатманд ва чалби бештари онҳо ба хизмати давлатӣ чун ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи хосаи шаҳрдорӣ қарор дорад.   

Бо қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҳайати роҳбарикунандаи шӯъбаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр як зумра тағйироти кадрӣ андешида шуданд, ки мутобиқ ба онҳо аз 29 сентябри соли 2016 мутаносибан тариқи гузариш Зуҳурзода Хуршед Ҳасан ба мансаби мудири шӯъбаи кадрҳо ва Ниёзмамадова Мадина Алмамадовна мудири шӯъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳр таъин гардиданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни таъин ва муаррифии кадрҳои ҷавон аз ҳар кадоме даъват ва раҳнамоӣ намуд, ки  дар иҷрои вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои хизматӣ бо садоқат ва касбияти баланд муносибат намуда, дар риояи одоби хизматчии давлатӣ намунаи ибрат бошанд.