Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 October 2016

Қарори раиси шаҲри Душанбе №199-6 аз 15.07.2016

 

Дар бораи тадбирҳои иловагии таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе бо истифода аз камераҳои мушоҳидавӣ, дастгоҳҳои статсионарӣ ва дастии магнитии кашфи ҷисмҳои металӣ 


                                                                                                                                                                                            

Бо мақсади амалигардонии чораҳои самарабахш ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта тавассути насб кардани камераҳои мушоҳидавӣ,  дастгоҳҳои статсионарӣ ва дастии магнитии кашфи ҷисмҳои металӣ ва мутамарказ намудани онҳо тавассути реҷаи мустақим (оn-line) бо инобати муроҷиати сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи «Ҳоҷӣ Яъқуб», имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе, хулосаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №4-48 аз 16 феврали соли 2016, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.      Сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи «Ҳоҷӣ Яъқуб» ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон бетаъхир дар даромадгоҳ    ва нуқтаҳои зарурии масҷидҳо камераҳои мушоҳидавӣ, дастгоҳҳои статсионарӣ ва дастии магнитии кашфи ҷисмҳои металлӣро насб намуда, фаъолияти мунтазами самараноки онҳоро таъмин ва баҳри ба маркази ягона дар масҷиди ҷомеаи марказии шаҳри Душанбе ба номи «Ҳоҷи Яъқуб» тариқи реҷаи мустақим (оn-line) ба роҳ мондани назорати доимии онҳо саҳмгузорӣ ва чораҷўӣ намоянд. 

2.      Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунѓуротзода Ф.Қ.), Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Салимов А.М.) ва Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе (Назарзода И.Ҳ.) ҷиҳати тибқи талаботи мавҷуда насб ва истифода намудани таҷҳизоти номбурда дар масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе мусоидат намоянд.

3.      Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси ҷараёни иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4.      Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. гузошта шавад.

                                                                  М. УБАЙДУЛЛОЕВ