Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 November 2010

11 ноябри соли 2010 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати ҳунармандони бародаршаҳри Душанбе - Ройтлингенро, ки  ба ифтихори «Хафтаи Олмон дар Тоҷикистон» ташриф овардаанд, бо роҳбарии Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Тоҷикистон хонум Дорис Хертрампф ба ҳузур пазируфт.

 

Зимни дидор ва мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо қаноатмандӣ афзуд, ки боиси ифтихор ва фараҳмандии душанбегиён мебошад, ки болидагиву танинандозии садо ва мусиқии ошно дар доираи Хафтаи Ҷумҳурии Федералии Олмон дар кишварамон маҳз бо иштироки ҳунармандони касбӣ ҳамчун муаррифгари санъати олӣ аз бародаршаҳри Ройтлинген, ки бо он аз 5-уми октябри соли 1991 паймони бародаршаҳрӣ барқарор намудааст ва то ба имрӯз баҳри иҷрои рисолати бародархондагӣ ба нафъи сокинони шаҳрҳои хеш дар равобити судманд қарор дорад, баргузор мегардад.

Ҳазамон таъкид дошт, ки  Душанбеи беназири мо чун шаҳри Сулҳу ҳамешасабз ва ҷавонист, Ройтлинген бошад шаҳри дорову садо, санъату мусиқӣ ва мисли Душанбе шаҳри эҳтиромгузор ба гуфтугӯи тамаддунҳост ва ин асолатест, ки бемайлон боиси густаришу тақвият додани дӯстии ҷонибҳо мебошад.

Инчунин дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев аз  нахустин сафари худ дар соли 1996 ба ҳайси Раиси шаҳр ба Ройтлинген ёдовар шуда, пеш аз ҳама муносибат ва фарҳанги истеҳсолу истифодаи оби нӯшокӣ дар корхонаи хизматрасони он ва сокинонашро шоистаи ибрат маънидод карда, ба ҳама меҳрубониву меҳмоннавозии роҳбарият ва сокинони бародаршаҳри Ройтлинген дар пешкаши табодули таҷриба изҳори сипос намуд.

Дар ин зимн, бо истифода аз ҳузури меҳмонон паём ва самимияти худро ба Обербургомистери бародаршаҳр хонум Барбара Бош расонида, бобати тавсеаи ҳамкориву робитаҳои бародаршаҳрӣ дар ҷодаи  фархангу маориф ва иқтисоду тиҷорат изҳори итминон кард ва ҷиҳати иштироки мавсуф ба Форуми бародаршаҳрҳои Душанбе, ки ба ифтихори 90-солагии Душанбе ҳамчун пойтахти ҷумҳурӣ соли 2014 баргузор мегардад, даъват ба миён овард.

Хонум Дорис Хертрампф ва Зузе Гнант- намояндаи Шӯрои шаҳрии шаҳри Ройтлинген аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқоти анҷомгирифта, изхори сипосмандӣ карда, дар навбати худ таъкид доштанд, ки  тамоми тадбирҳоро амалӣ хоҳанд кард, ки робитаву ҳамкориҳои бародархонадагии байнишаҳрӣ беш аз ҳарвақта ба нафъи сокинон нек ва муфид роҳандозӣ гарданд.