Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 August 2016

Қарори РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №224-1 аз 12.08.2016

 

Дар бораи баргузории озмунҳо, мусобиқаҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади таъмини иҷрои Қаррори Раиси шаҳри Душанбе №125-19 аз 27 ферали соли 2015 «Дар бораи омодагӣ ва таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе» ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории озмунҳо, мусобиқаҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бо инобати Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории озмунҳо, мусобиқаҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани озмунҳо, мусобиқаҳо ва чорабиниҳои фарҳангии шаҳриву ноҳиявӣ чораҳои бетаъхири мушаххас андешида, иштироки намояндагони арзандаи шаҳри Душанберо дар марҳилаи ҷумҳуриявии чорабиниҳои мазкур таъмин намоянд.

2. Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории озмунҳо, мусобиқаҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи №1 тасдиқ карда шавад.

3. Ҳайати комиссияҳои шаҳрӣ оид ба баргузории озмунҳо ва мусобиқаҳо бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи №2 тасдиқ карда шавад.

            4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) иньикоси Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

         5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Замимаи №2

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№224-1 аз12.08 соли 2016

Ҳайати

Комиссияи шаҳрӣ оид ба баргузории озмуни

«Ҳунарҳои мардумӣ», «Зардӯзи беҳтарин» ва «Заргари беҳтарин»,

 

1.

Мирсаидов А.Б.    

- Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, раиси Комиссия;

Аъзои Комиссия:

2.

Лангариева Ҷ.С.      

- муовини Раиси шаҳри Душанбе;

3.

Шарипова Г.Х.

- вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз  ҳавзаи интихоботии №16;

4.

Зухуритдинов С.А.  

- вакили Маҷлиси вакилони халки шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №70;

5.

Амиршоева Г. С.       

- вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз  ҳавзаи интихоботии №47;

6.

Муҳаббатов М.М.            

- раиси Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон;

7.

Саломова М.Ғ.

- сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

8.

Ҷалолов Н.М.

- сардори шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

9.

Мусоева Ш.Р.

- мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

 

Ҳайати

Комиссияи шаҳрӣ оид ба баргузории озмуни

«Қанноди беҳтарин» ва «Оши палов»

1.

Алиева З.Ҷ.

- Раиси Коммисияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модар ва кӯдак, раиси Коммисия;

Аъзои коммисия:

2.

Мақсудзода Ш.

- муовини Раиси шаҳри Душанбе;

3.

Комилов Н.О.

- вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  аз ҳавзаи интихоботии №30;

4.

Уроқова С.Д.

- вакили Маҷлиси вакилони халки шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №32;

5.

Каримов Т.Б.

- директори мактаби миллии меҳмондорӣ, Маркази инкишоф ва дастгирии омӯзиши касбӣ;

6.

Қаюмов Б.Қ.

- и.в. сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

7.

Одинаев Ҷ.Т.

- сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;

8.

Қурбонов Д.М.

- сардори шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;

9.

Ҳабибов А.А.

- директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе.