Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 October 2016

Дар бораи риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ зимни расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, инчунин таъмин намудани мақомоти зиддиинҳисорӣ бо номгӯи иттилооти дархостӣ 

 

Бо мақсади тақвияту рушди рақобати солим, роҳ надодан ба амалҳои маҳдудкунандаи рақобат, фароҳам овардани шароити якхелаи рақобатпазирӣ, ба мақомоти зиддиинҳисорӣ дастрас намудани иттилооти лозима барои додани хулоса бобати расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқии пешниҳодкунандаи молу маҳсулот ва кору хизматрасонӣ, инчунин иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 813 аз 30 декабри соли 2015 «Дар бораи Низомномаи тартиби расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол»

ҚАРОР МЕКУНАМ

1.                Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрӣ зимни пешниҳод ё қабули қарор бобати ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидорӣ ҷудо ва тақсим намудани маблағ аз буҷети маҳаллӣ, захираҳо, фароҳам овардани имтиёзҳои инфиродӣ ва бартарият, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ манъ намудааст, мавҷуд будани хулосаи мусбати Шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо ба инобат гиранд.

2.                Сохторҳои марбутаи давлатии соҳаҳои гумрук, андоз, молияи шаҳри Душанбе бобати аз ҷониби сохтори хадамоти зиддиинҳисорӣ муайян намудани нуфузи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бозори мол ва ҳиссаи субъектҳои хоҷагидор, ки нисбати онҳо расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ пешбинӣ мегардад, барои пешниҳод намудани иттилооти зарурӣ ба сохтори хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд. 

3.                Шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонд дар шаҳри Душанбе (Қурбонов Д.М.) ҳангоми додани хулоса ҷиҳати расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ риояи талаботи қонунгузории амалкунандаро таъмин созад.

4.                Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5.                Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Мақсудзода Ш. гузошта шавад.

 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ