Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 August 2016

Қарори РАИСИ  ШАҲРИ  ДУШАНБЕ №241-6 аз  24.08.2016

 

 

 

         Дар бораи баргузор намудани «Ярмаркаи ҳунармандон»

         дар шаҳри Душанбе

 

        Бо мақсади дастгирии рушди соҳибкорӣ, вусъат бахшидан ба эҳё ва оммавигардонии ҳунарҳои мардумӣ, бо инобати пешниҳоди Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон» №53 аз 23 сентябри соли 2016, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

                                                КАРОР МЕКУНАМ:

1.   Рӯзҳои 8-9 октябри соли 2016 дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе «Ярмаркаи ҳунармандон» баргузор карда шавад.

2.   Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон» барои дар сатҳи баланд доир намудани ин чорабинӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

3.   Шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёти мусофирбар дар хатсайри микроавтобусҳои №№19, 32, 35 ва хатсайри автобуси №40, ки минтақаи ҷойгиршавии Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт»-ро убур мекунанд, чораҷӯӣ намояд.

4.   Корхонаҳои воҳиди давлатии «Меҳмонхонаи «Вахш» (Салихов С.М.) ва «Меҳмонсарои пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Мусоев С.Ғ.) вобаста ба имкониятҳои мавҷуда меҳмонони чорабиниро бо ҷои хоб таъмин намоянд.

5.  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.) ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Салимов А.М.) ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷойҳои баргузор намудани чорабинии номбурда тадбирҳои лозимӣ андешанд.

6.   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма, Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» тавассути мониторҳои дар майдонҳои шаҳри Душанбе насбгардида, Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт» (Саидов Ш.Н.) ҷараёни баргузории чорабинии мазкурро бо таҳияи барномаҳои телевизионӣ таъмин намоянд. 

7.   Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. ва Самадов Ш.Д. гузошта шавад.

                                                                                              М.УБАЙДУЛЛОЕВ