«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 October 2016

Мақомоти иҷроияи маҳаллии

ҳокимияти давлатӣ  дар шаҳри Душанбе 

Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №240-1 аз 23 августи соли 2016 «Дар бораи баргузор намудани тендер» оид ба хариди техникаи коммуналӣ танҳо корхонаҳои молистеҳсолкунандаро аз рӯи 18 (ҳаждаҳ) Лот ба сифати «Иштирокчӣ» 
ба озмун даъват менамояд ва ҳамзамон ба маълумоти молистеҳсолкунандагон мерасонад, ки шартномаҳои тарафайн бевосита бо шаҳрдорӣ (Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе) бе миёнаравҳо ва танҳо бо корхонаҳои молистеҳсолкунанда баста мешавад.

 

         Номгӯи техникаи коммуналӣ ва нишондиҳандаҳои техникии асосӣ:

 

 

№ лот

Номгӯи техника

Миқдор

Характеристикаҳои техникӣ

 

I. Техникаи механикӣ-дастӣ (малая механизация). Мотоблокҳои бисёрфунксионалӣ

1

Таҷҳизоти безараргар-донӣ (дезинфексионӣ)

16 адад

Муҳаррик бо истифодаи сӯзишвории бензин ва ҳаҷми зарфи реагент 160-200 литр

2

Мошини дастии рубанда (подметально- уборочный мотоблок)

32 адад

 

Иқтидори муҳаррик 8-12 қувваи асп, ҳаҷми зарфи сӯзишворӣ то 5 литр, маҷмӯи таҷҳизоти васлшаванда, аз ҷумла дастгоҳи рӯбанда (щетка) бо дарозии 1,0-1,5 метр ва d-350 мм.

3

Мошини хурди  барфтозакунанда

16 адад

Истифодабарӣ – дастӣ аз ҷониби як одам, бари тозакунӣ: 56,0-76,0 см, баландии тозакунӣ: 50,0-55,0 см, масофаи партофтани барф-5,0-10,0 м.

4

Мошини алафдаравии чаман (газонокосилка)

24 адад

Муҳаррик бо истифодабарии сӯзишвории бензин ва иқтидори 2,0 – 2,5 қувваи асп, баландии бурриш – 25-100 мм, бари бурриш – 42-50 см.

5

Таҷҳизоти коркарди дарахту сабзазорҳо (Триммер)

16 адад

 

Муҳаррик бо истифодабарии сӯзишвории бензин ва иқтидори 1,2-1,3 қувваи асп, таҷҳизоти бурранда леска/корд.

6

Арраи дастии механикӣ (мотопила)

16 адад

Муҳаррик бо истифодабарии сӯзишвории бензин ва иқтидори 1,8-2,3 қувваи асп, дарозии қисми буррандаи арра – 40-50 см.

7

Мотороллерҳои борбардори 3 чарха

(мототележка)

16 адад

Ҳаҷми борбардорӣ – то 1,0 м3.

 

II. Воситаҳои техникаи хурд (мини техника: мини-погрузчикҳо, мини-тракторҳо)

 

8

Мошинҳои борбардори бисёрфунксионалии хурд (Мини-погрузчики)

3 адад

Дарозии тозакунӣ (щетка) – 2000 мм, бари максималии тозакунӣ – то 1800 мм, ҳаҷми ковш – то 0,44 м3, иқтидори вазнбардорӣ – то 0,75 тонна.

9

Минитрактори бисёрфунксионалӣ

30 адад

Иқтидори борбардорӣ: 0,5-2,0 тонна, функсияҳои нигоҳдории роҳҳои пиёдагард ва роҳравҳо (таъмири ҷорӣ, тозакунӣ, боркунӣ, рӯбучин ва ѓайра)

10

Мошини обпошак ва қумпошаки хурд

(миниполивомоечная машина)

28 адад

Бари кории обпошӣ–то 20,0 м., бари кории шустан–то 4,5 м., бари кории корд–2,0 м., бари кории рӯбанда (щетка) – то 1,8 м., ҳаҷми зарфи об – то 4,0 м3 , функсияҳо: обпошӣ, шустушӯӣ, қумпошӣ, рӯфтани роҳ.

 

III. Техникаи махсуси  коммуналии муқаррарии габаритӣ (калонҳаҷм)

11

Мошини партовкашонии боркунии паҳлӯгӣ (боковая загрузка)

16 адад

Ҳаҷми партовбарӣ– 45 м3, боркунии паҳлӯии партов

12

Мошини партовкашонии боркуниаш аз қафо (задняя загрузка)

10 адад

ҳаҷми партовбардорӣ- 30 м3, боркунии партов аз қафо

13

Мошини обпошак ва қумпошак (поливомоечная машина комбинированная)

10 адад

Бари кории обпошӣ – то 20,0 м., бари кории шустан – то 8,5 м., бари кории корд (плуг) – 2,5 м., бари кории рӯбанда (щетка) – 2,3 м., ҳаҷми зарфи об – то 9,0 м3 , функсияҳо: обпошӣ, шустушӯӣ, қумпошӣ, рӯфтани роҳ, тозакунии қубурҳо.

14

Автомашинаи худборбардор (кран-монипулятор)

10 адад

Борбардорӣ: 2000-2500 кг, вазн: 500-1000 кг, дарозии фишанг – 3070-5400 мм

15

Мошини партовкашонии контейнерӣ /контейнерҳо

10 / 40 адад

Контейнеровоз бо кран-монипулятор барои боркунии контейнер,

ҳаҷми контейнер – 16 – 24 м3.

16

Мошини боркаш   (автосамосвал)

12 адад

вазнбардорӣ – 20000 – 25000 кг.

17

Мошини дастаи гидравликӣ (гидрорукав-автоподъемник)

10 адад

Баландии максималии фишанг то 22,0 метр, борбардории қуттии фишанг – 120 кг

18

Булдозер

3 адад

Шасси-тасмачархдор (гусеничный), барии корӣ – на кам аз 1880 мм, муҳаррики дизелӣ, иқтидори муҳаррик  180 қувваи асп.

 

 Иштироки довталабон дар озмун бо дарназардошти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва шартҳои зерин ба инобат гирифта мешавад:

1. Нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсиси корхона;

2. Пешниҳоди тендерӣ ва муҳлати молрасонӣ;

 3. Кафолати бонкӣ барои иҷрои  шартҳои дархости тендерӣ

     дар ҳаҷми 2% аз маблағи пешниҳоди тендерӣ;

4. Маълумотномаи нозироти андоз, макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ѓайрибуҷети тасдиқ мекунад ва на дертар аз 30 рӯз то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст;

5. Маълумотнома оид ба иҷрои корҳои иҷронамуда дар 2-3 соли охир;

 6. Маълумотнома оид ба баҳсҳои судӣ;

 8. Кафолати хизматрасонӣ;

 9. Пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.

Довталабон метавонанд маълумоти иловагиро тавассути почтаи электронии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе faruh-jalilov@mail.ru ё рақамҳои телефонии  +992(372) 221-06-16;  221-02-32  дастрас намоянд.

Дархостҳо бояд дар лифофаи басташуда, муҳрзада, то соати 16-00           01 ноябри соли 2016 ба Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории  роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо суроғаи: индекс 734023, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 48а пешниҳод карда шаванд.

Озмун рӯзи 02 ноябри соли 2016, соати 15-00 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории  роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 48 а баргузор мегардад.

 

Талаботи тахассусӣ

- дорои салоҳияти кофии касбӣ ва техникӣ, таҷриба, шуҳрати корӣ ва танҳо молистеҳсолкунанда бошад;

- ташкилоти миёнарав ва намоянда дар маҳалҳо набошад;

- ғайри қобили пардохт ё муфлис ва ё дар ҳолати муфлисшавӣ қарор дошта набошад, амволи он таҳти гарав ва мавриди муҳокимаи судӣ қарор  нагирифта бошад;

- оид ба пардохти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ қарзод набошад;

- аз расмиёти харид барканор нашуда бошад ва ному номгӯи ӯ ба феҳристи молистеҳсолкунандаи бевосита фуруши моли худро таъминкунандаи беэътимод аз ҷониби мақомоти ваколатдор дохил нашуда бошад;

- барои имзои қарордоди харид соҳибҳуқуқ бошад.

 

 English version