Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 October 2016

Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти автомобилӣ

Бо мақсади гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар иншооти «Азнавсозии гузаргоҳи якуми кӯчаи М.Турсунзода (аз майдони 800-солагии Москва то кӯчаи Пӯлодӣ) ва кӯчаи Пӯлодӣ (аз кӯчаи М.Турсунзода то кӯчаи Бухоро)», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», моддаҳои 10, 20 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»  

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.  Дар роҳи автомобилгарди гузаргоҳи якуми кӯчаи М.Турсунзода (аз майдони 800-солагии Москва то кӯчаи Пӯлодӣ), бинобар оғоз шудани корҳои сохтмонӣ аз 15 октябри соли 2016 то 30 сентябри соли 2017 ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан қатъ карда шаванд.

2.           Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» - и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Бобоев С.Қ.):

- бо пудратчии асосӣ - Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон», вобаста ба тағйир ёфтани ташкили ҳаракат дар роҳ, дар мувофиқа бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳ таъмин намояд;

- барои танзими мунтазами алоқаи нақлиёти                            автомобилӣ дар қитъаи роҳи иншооти мазкур, барои бе                                                    монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ҷораҳо андешад.

3.           Аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият доранд, хоҳиш карда шавад, ки бобати ҳалли  мушкилоти хатҳои муҳандисии иншооти мазкур ба фармоишгар - Муассисаи давлатии  «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри   Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе хамаҷониба мусоидат намоянд.

4.            Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.Қ.) барои таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат ва амнияти шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас  андешад. 

5.            Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.            Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ