Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 October 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 254-1 АЗ 27.09. 2016

Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе оид ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ  таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1.       Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба 24 ноябри соли 2016 таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад.

2.       Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшударо таъмин намоянд.

3.       Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон чораҳои зарурӣ андешанд.

4.       Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С.  гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

Замима ба Қарори  Раиси шаҳри Душанбе № 254-1 аз 27 сентябри соли 2016

 

 

НАҚШАИ

чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе

 бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

 

Номгӯи чорабинӣ

 

 

 

Муҳлати иҷро

 

Мутасаддӣ

 

Масъули назорат

1.        

Баргузории чорабинии идона дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 ноябри соли 2016

аз соати 10:00

Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ

Лангариева Ҷ.С.

2.        

Чопи мақолаҳо, таҳияву пахши барномаҳо оид ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла, таърих ва муҳтавои рангҳо ва аломатҳои Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

то 24 ноябри соли 2016

 

Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаҳои давлатии «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе

Лангариева Ҷ.С.

3.        

Гузаронидани дарсҳои мавзӯӣ, вохӯрию суҳбатҳо оид ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ

 

мунтазам

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе

Лангариева Ҷ.С.

4.        

Ташкили намоишгоҳи китоб ва мизҳои мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ ва Китобхонаи муосири пойтахт

 

то 24 ноябри соли 2016

Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе

Лангариева Ҷ.С.

5.        

Иҷрои корҳои ободонӣ, ороишӣ ва таъмини тозагӣ дар маҳалли баргузории чорабиниҳо

то 22 ноябри соли 2016

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»

 

 

Расулов А.Р.

6.        

Баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

дар арафаи ид

Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе

Лангариева Ҷ.С.

7.        

Омода намудани матни шиору овезаҳо барои ороиши кӯчаву майдонҳо ва ҷойҳои гузаронидани чорабиниҳо

то 16 ноябри соли 2016

Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе

 

Лангариева Ҷ.С.

8.        

Ороиши идонаи бино, муассиса, идораву ташкилотҳои шаҳри Душанбе, новобаста аз шакли моликият ва насби Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ва биноҳои истиқоматӣ

 

то 16 ноябри соли 2016

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  ноҳияҳои шаҳри Душанбе

Ализода С.

Қурбонов А.Ҷ.

Сиёмардзода С.

Табарзода Ҷ.

9.        

Таъмини асбобҳои пахши садо дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

24 ноябри соли 2016

Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе

 

Лангариева Ҷ.С.

 

10.     

Андешидани тадбирҳо ҷиҳати насби Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ ва дастрас намудани нишони сарисинагӣ - рамзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ронандагони онҳо

 

 

то 20 ноябри соли 2016

Шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Ҳакимов Н.Ҳ.

11.     

Омода намудани видеоролики тарғибкунандаи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пахши онҳо тавассути мониторҳои шаҳри Душанбе

аз 16 ноябри соли 2016

Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»

 

Лангариева Ҷ.С.

Самадов Ш.Д.

12.     

Тавассути васоити ахбори омма ва Муассисаи давлатии «Телевизиони  пойтахт» ташвиқ намудани рафти омодагӣ  ва гузаронидани чорабиниҳои идона

 

 

 

мунтазам

Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Телевизиони  пойтахт»

Лангариева Ҷ.С.

13.     

Таъмини барқ, гузаронидани нуқтаҳои барқ, таъмини бехатарии зидди сӯхтор, навбатдории "Ёрии таъҷилӣ", амнияти шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ, танзими  ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо ва ҷойҳои баргузории чорабиниҳо

 

 

дар рӯзҳои омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳо

ҶСШК "Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе", Муассисаи давлатии "Равшании Душанбешаҳр", Раёсати оташнишонии шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи  давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Расулов А.Р.

Самадов Ш.Д.

Лангариева Ҷ.С.

Ҳакимов Н.Ҳ