Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 October 2016

24 октябри соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, бахусус таҳлил ва натиҷагирӣ аз ҷараёни корҳои нақшавии омодагӣ тибқи Қарори марбутаи Раиси шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 баргузор гардид.

Дар кори он дар радифи масъулини сохторҳои назорати энергетикӣ, раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони хадамоти марбутаи шаҳрии назорати давлатӣ, сохторҳои муҳандисию хизматрасониҳои коммуналӣ, ташкилоту идораҳои давлатии муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Бо инобати дар мавсими пешорӯ ба фаъолият шурӯъ кардани иқтидорҳои  навбати дуюми Маркази барқу гармиистеҳсолкунии №2-и ШСХК «Барқи Тоҷик»  ва дар таносуби ноҳияҳои шаҳр ба нақша гирифтани гармитаъминкунии 1242 иншоот, ки аз он 1092 ададро биноҳои манзилӣ ташкил медиҳанд, дар ҷаласа дастур гардид, ки Комиссияи марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва сохторҳои зидахли шаҳрӣ бо омодасозии сартосарии иншооти зикрёфта тавассути зарфиятҳои соҳибмулкон барои қабули гармии мутамарказ, воқеияти омода будани хатҳои муҳандисӣ, пойгоҳҳои гармиинтиқолкунанда ва элеваторҳои қабули гармиро дар ташкилотҳои соҳибтавозун дақиқ санҷиш намоянд.

Ҳамзамон, бобати мӯътамадии ҳолати тайёрии фонди манзилии нақшавӣ ба қабули гармӣ ва таъмин намудани онҳо бо шиносномаҳои омодагӣ корҳои санҷиши гидравликии биноҳои истиқоматӣ дар ноҳияҳо бо ҷалби техникаҳои Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии  шаҳри Душанбе зери масъулияти шахсии раисони ноҳияҳо вусъат бахшида шаванд.

Инчунин, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи роҳбарони ташкилоту идораҳо, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкатҳои соҳибмулкони манзилро ба сарфаю сариштакорона истифобарии нерӯи барқ ва саривақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи он нигаронида, Раёсати назорати давлатии энергетикии   шаҳри Душанберо муваззаф сохт, ки ҷадвали ҳолати истифодабарии шабонарӯзии барқро дар таносуби шаҳр ва ноҳияҳои он таҳия намуда, ҳамарӯза манзури шаҳрдорӣ намояд.

Илова бар он, баҳри роҳандозии истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ дар ҳудуди шаҳр ва таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, дар ҷаласа дастур гардид, ки навбатдориҳои шабонарӯзӣ дар ташкилоту идораҳое, ки муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад ва ҳамзамон тамоми сохторҳои аз буҷети шаҳр маблаѓгузоришаванда то Наврӯзи соли оянда зери масъулияти роҳбарони аввали онҳо ба роҳ монда  шавад.

Гузашта аз ин, Раиси шаҳр дар ҷаласа муқаррар сохт, ки бо идома додани назорати ҳолати иҷрои нақшаҳо оид ба захираи анвои лозимии маҳсулоти истеъмолӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017  дар КВД «Истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», бозорҳои коммуналию хусусӣ, дар фаъолияти КВД «Бозори Шоҳмансур» бобати аз байн бурдани нуқтаҳои савдои маҳсулоти бидуни муқаррарот ҷойдошта фавран чораҳои мушаххас андешида шавад ва нисбати дурнамои истифодабарии қитъаи замини он аз рӯи талаботи Нақшаи генералии шаҳр дар кӯтоҳтарин мӯҳлат пешниҳоди асоснок ирсол гардад.  

Дар ҷаласа, инчунин дигар масъалаҳои  мубрами шаҳрдорӣ, аз қабили интизоми меҳнат ва баррасии саривақтии муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ, баланд бардоштани масъулияти Комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонаш ба итмомрасида оид ба сатҳу сифати иҷрои корҳои лоиҳавии сохтмонӣ ва насбу хизматрасонии хатҳои муҳандисию коммуналӣ, иҷрои нақшаи андозсупорӣ, бақайдгирии дақиқи омории фондҳои асосии мавриди истифода қарор гирифта, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, истифодаи таъинотии маблаѓҳои буҷетӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарию эпидемиологӣ, ҳолати зиддисӯхторӣ, фаъолияти муназзами  нақлиёти ҷамъиятӣ ва вазъи таълиму давомот дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ  матраҳ карда шуданд.