Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 November 2016

 Дар арафаи иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ - Рӯзи милитсия Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 31 октябри соли 2016 ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо ҳайати шахсии Раёсат суҳбат намуд.

Зимни суханронии худ Раиси шаҳр доир ба фаъолияти анҷомдодаи кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои он дар ноҳияҳои пойтахт дар самти таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе изҳори миннтадорӣ намуда, афзуд, ки фаъолияти сохтори марбута бо инобати тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста тавсеаву беҳбудиро тақозо менамояд.

Дар вохурӣ зикр гардид, ки имрӯз ҳайати шахсии  Раёсати вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва нозирони минтақавӣ зери таваҷҷуҳи пайвастаи шаҳрдорӣ қарор дошта, як қатор имтиёзҳо низ барои ҳавасмандгардонии кормандони соҳа дар пойтахт роҳандозӣ гардидааст, ки мақсад аз он беҳтар намудани фаъолияти кормандон мебошад.

Аз ҷумла, ҳамасола дар баробари озмунҳои дигари касбии шаҳрдорӣ дар арафаи Рӯзи пойтахт озмуни «Нозири минтақавии беҳтарин» бо Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе гузаронида мешавад ва ғолибони 3 ҷойи аввал бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд, ки ин тадбир барои ҳавасмангардонӣ ва баланд бардоштани масъулият ва касбияти  нозирон роҳандозӣ гардидааст. Инчунин шаҳрдории Душанбе дар арафаи иди касбии кормандони милитсия низ ҳамасола меҳнати кормандони Раёсатро бо дастгирии молиявии беназири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ менамояд.

Новобаста аз ин Маҳмадсаид Убайдуллоев  таъкид намуд, ки то ҳол дар шаҳр тартиботи ҷамъиятӣ ба таври зарурӣ таъмин нест ва савдои кӯчагӣ дар гӯшаву канори пойтахт, бахусус дар истгоҳҳои нақлиётӣ  ба мушоҳида мерасад, ки бартараф намудани он пеш аз ҳама вазифаи кормандони милитсия мебошад.

Дар идомаи вохурӣ зикр гардид, ки бояд кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои он дар ноҳияҳои пойтахт бо масъулияти баланди хизматӣ ва ибрати шахсӣ фаъолият намуда, дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо дарки баланди шаҳрдӯстию ватанпарастӣ беш аз ҳарвақта нақши чашмрас гузоранд. Зеро сокинону меҳмонони пойтахт дар симои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳимоятгару муҳофизи худро мебинанд ва чунин арзёбӣ фаъолият ва масъулияти касбии бештари ҳамарӯзаро аз онҳо тақозо менамояд.

 Инчунин дар самти таъмини ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе низ шаҳрдор суҳбат намуда, аз кормандони Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе даъват намуд, ки корро дар ин ҷода ва риояи муқаррароти қонунгузорӣ оид ба танзими расму оин ҷоннок намоянд.

 Ҳамзамон Маҳмадсаид Убайдуллоев аснои суханронии худ таъкид намуд, ки масъулият оиди таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳр бар дӯши кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе вогузор шудааст ва бояд дар ин самт фаъолияти сохторҳои марбута тарзе ба роҳ монда шавад, ки ҷавобгӯи талаботи аҳли ҷомеа бошад.

Дар фарҷоми мулоқот ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар доираи татбиқи сиёсати  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шаҳрдорӣ ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе 15 адад автомашинаҳои тамғаи Шкода-Актавиаи барориши соли 2016 тақдим карда шуд.