Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 November 2016

 ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №256-1  аз 29.09.2016

 

Дар бораи дарахтони бартарафшавандаи ҳудуди иншооти «Азнавсозии ҳалқароҳи сеқабатаи маҳаллаи 82-и ноҳияи Сино» ва солимгардонии минбаъдаи муҳити зист

 

Баҳри тавсеаю тақвияти корҳои роҳсозию сохтмонӣ дар  ҳудуди иншооти «Азнавсозии ҳалқароҳи сеқабатаи маҳаллаи 82-и ноҳияи Сино», бо мақсади ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир мутобиқ намудани хиёбонҳои Б. Ғафурову Н. Махсум дар мавзеи зикршуда, инчунин солимгардонии минбаъдаи муҳити зист, татбиқи амалии Қарори Раиси шаҳри Душанбе №218 аз 04 августи соли 2016 «Дар бораи ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан вобаста намудани қитъаи замин барои иншооти «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода – сарҳади Узбекистон аз пайкараи А. Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» ва амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, бо инобати мактуби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №1/12 -2 -1606 аз 16 сентябри соли 2016, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун фармоишгар, бартарафсозии дарахтони иншооти «Азнавсозии ҳалқароҳи сеқабатаи маҳаллаи 82-и ноҳияи Сино»-ро тибқи лоиҳа, бо назардошти беҳдошти муҳити зист ва риояи  меъёрҳои экологӣ таъмин намояд ва дар асоси санади Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе №118 аз 19 сентябри соли 2016 дарахтони  бартарафшавандаи иншооти   мазкурро дар ҳаҷми умумии 913 м3 мутобиқи борхат ба Муассисаи давлатии «Истифодабарии роҳҳо» - и ноҳияи Сино супорад.

2. Ӯҳдадории Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳҳо ДШ №0763975 дар хусуси бо тавсия ва пешниҳоди олимону мутахассисон, риояи талаботи агротехникӣ шинонидани ниҳолу буттаҳои аз хориҷи кишвар воридшаванда, ки дар Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 26 сентябри соли 2016 дар феҳрасти таҳти №3F-2429 ба қайд гирифта шудааст, ба инобат гирифта шавад.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин созад.

4.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А. Р. гузошта шавад.

 М. УБАЙДУЛЛОЕВ