Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 November 2016

 СУХАНРОНИИ 

  Раиси шаҳри Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев 

дар расми таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар Амфитеатри МД “Пойтахт-80”

 

16 ноябри соли 2016                     соати 17 30

 

Ҳозирини муҳтарам,

Хонумҳо ва ҷанобони арҷманд!

Боиси ифтихору фараҳмандист, ки  бо шарофати Истиқлолияти давлатиамон аввалин Конститутсияи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ, ки ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ мебошад, қабул гардид ва тибқи тағйиру иловаҳои 22 майи соли равон  ба он воридшуда, муқаррар карда шудааст, ки шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад ва дар радифи  меъёрҳои  конститутсионӣ  аҳли ҷомеаамон дар роҳи эъмори давлати демкоратӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси тағйироту иловаҳои воридгардида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” бори нахуст дар  айёми давлатдории навинамон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад ва бо ин рӯйдоди фараҳбахш масрурона якояки шуморо шодбош мегӯем!

Қобили  зикр мебошад, ки тавассути ин рӯзи фархунда воқеан ҳам мо эҳтиром ва арҷгузории бесобиқаи худро ба ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикис-тони азизамон баён месозем.

Таҷлили ин ҷашни беназир дар Ватани маҳбубамон, бахусус шаҳри дилороямон Душанбе – пойтахти диёри арҷмандамон, аз он шаҳодат медиҳад, ки интихоби шаҳрвандон аз сохти президентии идоракунии давлатӣ бо таҳкими пояҳои институти давлатдорӣ ва нақши муассири Президент ҳамчун Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) ниёзҳои аҳли ҷомеаро дар низоми муосири давлатдорӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ бароварда месозад.

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре хуб огаҳӣ доред, аввалин маротиба дар даврони  давлатдориамон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии  умумихалқӣ дар Ҷумҳуриамон институти президентӣ асоси конститут-сиониро ба худ касб намуда, тартиби интихоби Президентро қонуни конститутсионӣ муайян намуд ва собит сохт, ки дар кишвар халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияи давлатӣ буда, Президентро  бо тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ интихоб менамоянд.

Бисту панҷ соли Истиқлолияти давлатии кишвар бо сароҳат исбот намуд, ки қудрати президентӣ низоми давлатдории навинамонро аз бисёр хатарҳои дохилию хориҷӣ ҳифз намуда, таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат кишварро ба шоҳроҳи рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ раҳнамун сохт ва исбот намуд, ки барои ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, институти президентӣ   муассиртарин ва беҳтарин восита мебошад.

Институти президентӣ – роҳи таърихии санҷидашудае мебошад, ки ҳанӯз аз замони «Эҳё» дар Аврупо ба вуқӯъ омада, ба тадриҷ дар тӯли таърихи беш аз панҷсадсолаи ахир муассир будани хешро собит намудааст. Аз ин ҷост, ки дар асоси сарчашмаҳои муътамад имрӯз 149 давлати дунё дар доираи институти президентӣ низоми давлатдории худро таҳким бахшида, аксари онҳо ба кишварҳои пешрафтаи дунё табдил ёфтаанд.

Ҳамагон хуб дар ёд доранд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар замони вакили Шӯрои Олии кишвар будан, дар ҷаласаҳои он ҳангоми баҳсу мунозира бо ҳарифони сиёсии худ аз низоми демократӣ ва дунявӣ дифоъ намуда, хислатҳои воқеии раҳбари муосирро дар худ таҷассум менамуд ва аз ин лиҳоз дар иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб ба сифати Раиси Шӯрои Олӣ, Сарвари давлат  интихоб гардид ва тавонист дар кӯтоҳтарин вақт кишвари дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарордоштаро берун аз вартаи ҳалокат барорад ва ҳамчун пешвои воқеии миллӣ ҷойгоҳ ва мақоми сазовори худро на танҳо дар сиёсат, балки дар қалби ҳар як тоҷикистонию тоҷикони бурунмарзӣ пайдо намояд.

Бо дарки масъулияти бузург дар назди таъриху миллат ва бо дарназардошти раванди пуртаззоди ҷаҳони муосир маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Ҷумҳуриамон ба институти  президентӣ ниёз дорад, то ин, ки дар кишвари азизи мо муттасил ба асосҳои бунёдии низоми давлати демкоратӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона тавсеа, таҳким ва тақвият бахшида шавад. Дурандешии ҳакимона ва дарки амиқу воқеии равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ, ҳалли саривақтии проблемаҳои бузурги миллӣ ва ироаи ташаббусҳои байналмилалии инсондӯстона,  ӯро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун як шахсияти сиёсии дорои тафаккури ҷадиду муосир муаррифӣ карда, тавассути заҳматҳои хастанопазирашон Тоҷикистон ба ҳайси кишвари соҳибихтиёр ва рушдкунанда шинохта шудааст.

Бояд зикр сохт, ки институти президентӣ дар низоми сохтори қудрати сиёсӣ ҳамчун меҳвари ин низом хидмат намуда, сохтор ва фаъолияти он тавонист барои таъмини конститут-сионализм дар кишварамон шароити хуберо ба вуҷуд оварад.

Ҳозирини муҳтарам!

Дар таърихи ташаккули ҳар як давлати дунявӣ ва демократӣ нақши шаҳрвандон ва дастгирии онҳо беҳамто мебошад ва бо гузашти  бисту панҷ соли Истиқлолият дар атрофи Президенти интихобкардаи хеш муттаҳид шудани тоҷикистониён имкон фароҳам овард, ки  аҳли ҷомеаамон ба марҳилаи сифатан нави давлатдории хеш ворид гардад.

 Моҳияти равандҳои бунёдии ҷаҳони муосир  аз ҳар яки мо тақозои онро дорад, ки ҳамеша аз тамоюлоти инкишофи иқтисоди ҷаҳонӣ бархурдор гардида, дар татбиқи Барномаҳои созандаи иқтисодию иҷтимоии Ватани маҳбубамон ва шаҳри азизамон беш аз ҳарвақта бо дарки баланди масъулиятшиносӣ пайвастаю пайгирона саҳми бевоситаи худро гузорем ва тамоми нерӯю таҷрибаамонро  тавассути таҳкиму тавсеаи заминаҳои ҳуқуқӣ ва  волоияти қонун дар ҷомеа равона намуда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро  фароҳам созем.

Қобили  зикр  мебошад, ки дастёбӣ ба татбиқи бемайлони стратегияҳои миллӣ - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ бозгӯи зарфият ва муассир будани институти президентӣ маҳсуб ёфта, тақозо менамояд, ки дар низоми пурхилофу осебпазири муносибатҳои ҷаҳони муосир беш аз ҳарвақта дар атрофи Президенти интихобкардаи худ ва сиёсати Пешвои миллат сарҷамъ ва муттаҳид шуда, Ватани маҳбубамонро боз ҳам обод, пешрафта ва ҳар фарди ҷомеаро дар кору зиндагӣ комгору муваффақ  гардонем.

Бо чунин таманниёт бори дигар Рӯзи Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистонро ба ҳамагон шодбош гуфта, ба Шумо, дӯстони азизу арҷманд аз даргоҳи Офаридгор ҳамеша сарбаландию саодатмандӣ, шукӯҳмандию эминӣ орзу менамоем ! 

Ташаккур!