Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 January 2012

 Дар бораи чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №643 аз 30 декабри соли 2011 «Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

 

 Бо мақсади татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №643 аз 30 декабри соли 2011 «Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М:

1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №643 аз 30 декабри  соли 2011 «Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди роҳбарӣ ва иҷроиш қарор дода шавад.

2. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси иҷрои Қарори мазкурро тавассути ахбори омма ба роҳ монад.

3. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ