Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 November 2016

Асозода Маҳмадумар Шамсулло – муовини якуми Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» субҳи имрӯз 28 ноябри соли 2016 ба воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ афзуд, ки санаи 27-уми ноябри соли 2016, соати 18-00 дар хати интиқоли барқи 110 кВ, ки зеристгоҳи «Новая»-ро бо зеристгоҳи «Заводская» пайваст менамуд, нуқсони техникӣ ба амал омад. Дар натиҷа як қисми сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз соати 18-00 то 21-32 бе барқ монданд.

Сабаби пайдоиши нуқсони номбурда вобаста ба серборӣ дучор шудани хатҳои интиқоли барқ аз сардии ҳаво ва аз меъёр зиёд истифода бурдани нерӯи барқ аз тарафи истеъмолбарандагон  мебошад.  Гурӯҳҳои махсуси шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ва шабакаҳои барқии Марказӣ дар муддати кӯтоҳ нуқсони баамаломадаро бартараф намуда, интиқоли барқро барқарор намуданд.

Ширкати «Барқи Тоҷик» овозаро дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудияти нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе қатъиян рад намуда, аз муштариён барои ин нороҳатӣ маъзарат мепурсад.