Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 November 2016

 28 ноябри соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, бахусус таҳлил ва натиҷагирӣ аз ҷараёни корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 баргузор гардид.

Дар кори он дар радифи раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва марбутаи назорати давлатии  энергетикӣ, сохторҳои муҳандисию хизматрасониҳои коммуналӣ, ташкилоту идораҳои давлатии муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомдодаи сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ вобаста ба рафъи оқибатҳои барфи аз меъёр зиёд борида, таъмини ҳаракати муназзами нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ  тадбирҳои андешидаи сохторҳои зидахлро, хусусан дар ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Фирдавсӣ ғайриқаноатбахш  арзёбӣ намуд ва дастур фармуд, ки зери масъулияти шахсии раисони ноҳияҳо дар тарҳрезии фаъолияти минбаъдаи Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр ба мавсим қатъиян таҷдиди назар карда шавад.

Ҳамзамон, бо инобати таҳлилҳои воридшавии муроҷиатҳои пайвастаи телефонӣ ба бахши навбатдории шабонарӯзии шаҳрдорӣ оид ба вазъи таъминоти  шаҳр бо нерӯи барқ аз ҷониби сохторҳои зертавозуни ШСХК «Барки Тоҷик» ба сокинони ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳр сохторҳои шаҳрии ширкати зикршударо муваззаф сохт, ки дар ҳамкории пайвастаю пайгирона бо субъектҳои марбутаи ширкати номбурда чораҳои мушаххас андешанд.

Дар ин росто, аз кулли роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ ва аҳолии шаҳр даъват ба миён овард, ки  бо дарки масъулият бо инобати зиёдшавии талаботи истеъмолкунандагон ба қувваи барқ дар фасли зимистон истифодаи сарфакоронаву корбарӣ аз таҷҳизоти каммасраф ва технологияҳои дигари муосирро дар ҳудуди пойтахт таври ҳатмӣ пеша намуда, бо истифода аз сӯзишвориҳои алтернативӣ гарм кардани манзилҳои индивидуалӣ, пардохти саривақтии ҳаққи барқро таъмин созанд.

Инчунин, дар ҷаласа баҳри сарфаи нерӯи барқ дастур гардид, ки  фаъолияти нонвойхонаҳо ва гармобаҳои барқиро қатъ намуда, бо пешгирии омилҳои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, пурзӯр намудани тадбирҳои зиддисӯхторӣ, ҳолати бо сӯзишвориҳои алтернативӣ гарм кардани манзилҳои индивидуалии сокинон дар таносуби маҳаллаҳои маскунии шаҳр мавриди санҷиш қарор дода шавад.   

Бо инобати дар мавсими пешорӯ ба фаъолият шурӯъ кардани иқтидорҳои навбати дуюми Маркази барқу гармиистеҳсолкунии №2-и ШСХК «Барқи Тоҷик»  ва дар таносуби ноҳияҳои шаҳр ба нақша гирифтани гармитаъминкунии 1242 иншоот, ки аз он 1082 ададро биноҳои бисёрхонагии манзилӣ ташкил медиҳанд, дар ҷаласа  аз прокуратураи шаҳр хоҳиш карда шуд, ки ҳолати воқеии аз ҷониби раисони ноҳияҳо бо ҷалби соҳибмулкон омодасозии сартосарии иншооти зикрёфта барои қабули гармии мутамарказ,  дақиқ санҷида  шавад.

Гузашта аз ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз холатҳои ҷой доштани истифодаи нерӯи гармии интиқолшванда ба биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҳамчун оби гарм барои эҳтиёҷоти маишӣ аз ҷониби бархе аз истеъмолкунандагон интиқод намуда, зикр сохт, ки сохторҳои зидахл дар пешгирии ин амалҳо, ки оби техникӣ барои саломатӣ ва истифодаи маишӣ зараровар  аст, корҳои фаҳмондадиҳоро  миёни аҳолӣ пурзӯр намоянд ва аҳли ҷомеаро бархурдор созанд, ки аз нигоҳи технологӣ Маркази барқу гармитаъминкунии зикршуда танҳо барои истеҳсоли гармӣ, на таъмин бо оби гарм нигаронида шудааст.

Дар ҷаласа, инчунин дигар масъалаҳои мубрами шаҳрдорӣ, аз қабили таъмини нақшаҳои захираи маводи ниёзи аввалияи истеъмолӣ, ғановати бозори истеъмолӣ, фаъолияти муназзами муассисаҳои иҷтимоӣ дар мавсим, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, интизоми меҳнат ва баррасии саривақтии муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ, таҷдиди назар кардани фаъолияти сохтории Корхонаи воҳиди  давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ»-и  Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, тавсеаю тақвияти фаъолияти сохторҳои дахлдор оид ба дарахтшинонӣ, сабзкорӣ ва ободонӣ дар марзи шаҳр, алалхусус дар пасманзари Маҷмааи меъмории Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, боғи устод Рӯдакӣ, хиёбонҳои Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои А. Дониш, С. Айнӣ, Н. Қарабоев ва дигар кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳои шаҳр, бо фарогирии  қитъаи замини  собиқ Кохи Ҷомӣ, иҷрои нақшаи андозсупорӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, истифодаи таъинотии маблағҳои буҷетӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарию эпидемиологӣ ва омодагиҳо ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки дурнамои фаъолияти шаҳрдорӣ ва сохторҳои марбутаи онро дар соли 2017  тасдиқ хоҳад намуд,  матраҳ карда шуданд.