Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 November 2016

 ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №68-6 аз 21.07 соли 2016

 Дар бораи  номивазкунии кӯчаи Павлови шаҳри Душанбе

 Мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Точикистон» ва моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

Қ А Р О Р  М Е К У Н А Д:

1. Номи кӯчаи Павлови шаҳри Душанбе ба номи Гулдаст иваз   карда шавад.

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ (Қурбонов А.Ҷ.) бақайдгирии сокинони кӯчаи мазкурро бо тартиби муқарраргардида анҷом дода, насби нишонаҳои марбутаро дар биноҳо таъмин созад.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва  номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе  (Сафаров С.) гузошта шавад.

 

                 Раиси

    Маҷлиси вакилони

    халқи шаҳри Душанбе                                 М.  УБАЙДУЛЛОЕВ