Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 November 2016

 Қ А  Р  О  Р  И  МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №64-6  аз 21.07  соли 2016

Дар бораи  номивазкунии кӯчаи  Зоя Космодемянскаяи шаҳри Душанб

Бо мақсади ҷовидон гардонидани номи арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Иномов Ваҳобҷон, бо инобати Қарори Раиси шаҳри Душанбе №55 аз 30 майи соли 2002 «Дар бораи тасдиқ намудани Номгӯи мутобиқи қонунгузорӣ ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки дар тараққиёти пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд ё ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд», мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Точикистон»  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

 Қ А Р О Р    М Е К У Н А Д:

1. Номи кӯчаи  Зоя Космодемянскаяи шаҳри Душанбе ба номи Иномов Ваҳобҷон иваз карда шавад.

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино (Ализода С.А.) бақайдгирии сокинони кӯчаи мазкурро анҷом дода, насби нишонаҳои марбутаро дар биноҳо таъмин созад.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

         4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе  (Сафаров С.) гузошта шавад.

 

             Раиси

    Маҷлиси вакилони

    халқи шаҳри Душанбе                                 М.  УБАЙДУЛЛОЕВ