Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 November 2010

Субхи 17 ноябри соли 2010 хайати Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон бо сарварии Махмадсаид Убайдуллоев дар доираи барномаи сафар нахуст бо аъзоёни Гурухи Британиявии Иттиходи Байнипарламенти тахти раёсати чаноби Чон Менн доир ба масоили мубрами муносибатхои тавсеаёбандаи байнипарламенти ва пахлухои мухталифи тархрезии хамкорию робитахои байнихукумати, асоснокии илмиву амалии татбики лоихахои гидроэнергетикии Точикистон ва ахамияти он ба вазъи экологии кишвар ва минтака, инчунин роияи хукуку озодихои инсон ва шахрванд, сатхи ташаккули чомеа ва институтхои шахрванди, ки дар мачмуъ барои фарохам овардани шароити арзанда ба зист ва инкишофи потенсиалии инсон нигаронида шудааст, бо назардошти хамкорихо дар бахши маориф, таъсиси литсею филиали донишгоххои бритони  дар Точикистон музокироти хоса анчом дод.

Дар ин хамоиш парламентархо изхори бовари намуданд, ки бо истифода аз потенсиал ва имкониятхои робитахои байнипарламенти ба хамкорихои сатхи байнихукумати такони тоза бахшида, муаррифии Точикистонро барои шинохти чомеаи Британияи Кабир пайваста дар асоси Меморандуми имзорасидаи байнипарламенти ва гуруххои дустии фаъолиятдощта, суръат бахшанд.

Зикр гардид, сафари мазкур Точикистонро барои парламентархо, ки бештари онхо аъзои Хукумати Британияи Кабир мебошанд, тавонист мисли бардошти парда аз руи вокеият, чун кишвари вокеан дар бунёди чомеаи демократи ва эхтирому арчгузор ба арзишхои  ташаккули дунявидошта шинос сохта, тасаввурхои тахайюлиро оид ба Точикистон  ва сиёсату барномахои чанбаи ичтимоидоштаи  он аз байн бибарад.

Сипас, Махмадсаид Убайдуллоев бо хайати хамрохонаш аз чараёни баргузории мухокимахои парламенти дар Палатахои Обшин  ва Лордхои парламенти Британияи Кабир ва Ирландияи Шимоли мустакиман шинос гардиданд.

Нимаи дуюми руз Раиси Мачлиси милли  бо муовини вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир ҷаноби Сайман Фрейзер мулокоти судманд анчом дода, ба мувофика расиданд, ки чихати расидан ба хадафхои пайгиришуда- баимзорасонии Созишномахои байнихукумати оид ба хамкорихои иктисодию илми-техники, кадргардони ва химояи дучонибаи сармоя, пархез намудан аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркаши аз пардохти андозхо аз даромад ва сармоя чониби вазорат тамоми тадбирхоро феълан рохандози намудааст, ки мувофикасозии хуччатхо дар сатхи вазоратхои дахлдори Хукумати Британяи Кабир  чоннок карда шаванд ва итминон аст, ки ояндаи наздик санадхои мавриди таваччух ба нафъи хамкорихои дучониба ба имзо расонида мешаванд, ки барои ичрои амали мазкур заминахои вокеи ва хохиши хукуматхои дучониб таври бебозгашт ифода гардидаанд.

Накшаи мулокотхои Махмадсаид Убайдуллоев барои 17 ноябр бо анчоми дидору сухбат  бо спикери Палати Обшин ҷаноби Ҷон Берков хотима ёфт.

Зимни мулокоти самими чонибхо изхори омодаги намуданд, ки минбаъд робитахои байнипарламенти дар сатхи густурда чараён гирифта, хамаи имкониятхо ба он равона хоханд шуд, ки тавассути муносибатхои байнипарламенти ба хамкорихои пурсамари байнихукумати  кишвархо комёб гарданд.

Мулокот хело судманд ва бо даъвати М. Убайдуллоев аз чаноби Чон Берков оид ба анчоми сафари расми аз Точикистон ба поён расид.

Пагох Махмадсаид Убайдуллоев дар форуми Гурўҳи Осиёи Марказии савдо, тиҷорат ва сармоягузорӣ (CATBIG)  иштирок карда, бо доираи cармоягузорон ва институтҳои сармоягузорӣ вохўриҳо доир менамояд. Бо анчоми ин вохурихо хайати парламентии Точикистон ба Шотландия сафар мекунад.