Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 December 2016

 Қарори  раиси шаҲри Душанбе №311 аз 24 ноябри соли 2016

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси  вакилони  халқи шаҳри Душанбе даъвати  панҷум

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 ҚАРОР МЕКУНАМ:

 1. Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум 15 декабри соли 2016, соати 8:00 дар  толори  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт»  даъват карда шавад.

    2.  Ба рӯзномаи иҷлосияи  ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум  масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

     2.1. Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2016, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе, вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2017 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2015».

     2.2. Оид ба рафти иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №128-13 аз 17 апрели соли 2008 «Дар бораи ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт».

2.3. Дар бораи номгузорӣ ва номивазкунии маҳалла, кӯча, майдон, хиёбон, боғ, пул ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе.

        2.4. Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

         3. Оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ дар ҳайати замимагардида таъсис дода шавад.

4. Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ тибқи ҷадвали замимагардида то 13 декабри соли 2016 бо интихобкунандагон вохӯриҳо гузаронида, аз натиҷаи онҳо пешниҳодҳои мушаххасро ба гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи  ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум манзур намоянд.

5. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.)  бо  тартиби  муқарраргардида  муҳтавои   Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу  пешниҳодҳои   вобаста ба иҷлосия баёнгардидаро ҷамъбаст ва ба гурӯҳи корӣ манзур  созад.

6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.    

 М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Замимаи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №311 аз 24 ноябри соли  2016

Гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи  ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  даъвати панҷум

1.       

Амиров Н.И.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ

2.       

Алиева З.Ҷ.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модар ва кӯдак

3.       

Буриев И.Б.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди коррупсия

4.       

Валиев Ш.Ф.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо

5.       

Давлатов А.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба меъморӣ, шаҳрсозӣ,  сохтмон ва ободонӣ

6.       

Мирсаидов А.Б.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ

7.       

Мирзоев Т.Х.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид  ба  буҷет ва идораю ихтиёрдории моликияти коммуналӣ

8.       

Насруллоев К.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба назорати риояи Дастури Маҷлиси вакилони халқ

9.       

Пиров Ф.С.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба сиёсати ҷавонон, рушди варзиш ва сайёҳӣ

10.   

Саидраҳмонов С.С.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба саноат ва энергетика

11.   

Сафаров С.С.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба ҳамкорӣ бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва  иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ

12.   

Шарифов З.Р.

Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба фарҳанг, маориф, илм ва инноватсия

13.   

Улмасов Ф.У.

- вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри   Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №63, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе