Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 December 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №310. аз 24.11.2016

 

Дар бораи тавсеаю тақвияти корҳои дарахтшинонӣ, сабзкорӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади тавсеаю тақвият бахшидани корҳои дарахтшинонӣ, сабзкорӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе, бо инобати гузориши Комиссияи муваққатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳайати олимону мутахассисони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Барномаи замимагардидаи шинонидани дарахту буттаҳо, гулҳо ва кишти чаманзорҳо дар Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо»-и Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (пасманзари Маҷмааи «Ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ», «Боғи устод Рӯдакӣ»), хиёбони Рӯдакӣ аз оғоз то дидбонгоҳи Чорбоғ, кӯчаҳои А. Дониш шурӯъ аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо, Айнӣ ва кӯчаи Н. Қарабоев барои соли 2017 тасдиқ карда шавад.  

2. Зимни корҳои дарахтшинонию сабзкорӣ афзалият ба интихоби дарахту буттаҳо ва гулҳои маҳаллӣ дода, муҳлатҳои иҷроиши корҳо ва беҳтар кардани сифати ғизонокии хок ва қоидаҳои агротехникӣ ҳатман ба инобат гирифта шаванд.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин созад.

         4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н. Ҳ. гузошта шавад.

  М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 Барномаи 

шинонидани дарахту буттаҳо, гулҳо ва кишти чаманзорҳо дар  Муассисаи давлатии «Нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншоотҳо»-и Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (пасманзари Маҷмааи «Ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ», «Боғи устод Рӯдакӣ»), хиёбони  Рӯдакӣ аз оғоз то дидбонгоҳи Чорбоғ, кӯчаҳои А. Дониш шурӯъ аз ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо, Айнӣ  ва Н. Қарабоев барои соли 2017