Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 December 2016

 Қарори раиси шаҲри Душанбе №258-4 аз 30.09.2016

Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ барои солҳои 2016-2018 дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №324 аз 27 июли соли 2016 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ барои солҳои 2016-2018», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.       Нақшаи чорабиниҳои замимашудаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ барои солҳои 2016-2018 дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад.

2.       Муовини Раиси шаҳри Душанбе Самадов Ш.Д. дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута иҷрои саривақтӣ ва сифатноки Нақшаи чорабиниҳои мазкурро бо тартиби муқарраргардида таъмин намуда, аз ҷараёни иҷрои он ҳарсол то 23 декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод созанд.

3.       Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси ҷараёни иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4.       Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Самадов Ш.Д. ва Мақсудзода Ш. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

НАҚШАИ

чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ барои солҳои 2016-2018 дар шаҳри Душанбе