Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 December 2016

 2 декабри соли 2016 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев намояндагони бародаршаҳри Душанбе  - Санкт-Петербурги Федератсияи Россияро таҳти садорати Светлана Журкина – сардори Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва минтақаҳои Федератсияи Россияи Кумита оид ба робитаҳои хориҷии Санкт-Петербург, ки ҳамзамон роҳбарии гурӯҳи кории ҷониби Санкт-Петербургро бобати тарҳрезии баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе ба зимма дорад, ба ҳузур пазируфт. 

Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев аз иқдоми ҳамтои худ – Губернатори шаҳри Санкт-Петербург ҷиҳати ташкили сафари гурӯҳи корӣ дар омодасозӣ ва баррасии масъалаҳои марбута зимни сафари дар моҳи марти соли 2017 пешбинигардидаи ҳайати бонуфузи доираҳои ҳукуматию бахши хусусӣ ба шаҳри Душанбе бо сарварии  ҷаноби Георгий Полтавченко баҳри густариши муносибатҳои бародаршаҳрӣ ва ба ин васила тақвият бахшидан ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр сохт, ки таҳкими робитаҳои бародаршаҳрӣ тақозои талаботи замони муосир мебошад. 

Зеро Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе бо инобати фарогирии чорабиниҳои марбут ба воридсозии инвеститсияҳои хориҷию технологияҳои ҷадид дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии шаҳрдорӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, фароҳам овардани шароитҳои қонунии будубош ва табодули таҷрибаи табибони варзидаи  санкт-петербургӣ, бахусус дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», тавсеаю тақвияти  ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду тиҷорат, таъсиси корхонаю коргоҳҳои муштарак, маорифу фарҳанг ва такмили заминаҳои омӯзиши забони русӣ ва ихтисосмандии корҷӯён аз шаҳри Душанбе тарҳрезӣ карда мешаванд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни мулоқот аз даъвати расмии ҷаноби Георгий Полтавченко бобати анҷоми сафар ба шаҳри Санкт-Петербург изҳори каноатмандӣ карда, афзуд, ки фаъолияти  гурӯҳҳои кории ду ҷониб баҳри дар доираи консепсияи зикрёфта таҳия намудани барномаи мукаммали Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе зери назорат қарор дода мешавад.