Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 December 2016

 ҚАРОРИ РАИСИ  ШАҲРИ  ДУШАНБЕ №306 аз 18.11. 2016

Дар бораи тартиби қабули   шаҳрвандон ва баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Бо мақсади татбиқи самарабахши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ,  ҳамоҳанг сохтани фаъолияти шуъбаву сохторҳои  шаҳрӣ  ва  ноҳияҳои он, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

1. Ҷадвали қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум ва  муовинони Раиси шаҳри Душанбе, ки  тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 290-1 аз   28 майи  соли 2015 тасдиқ карда шудааст,  дар таҳрири нави  замимагардида ба роҳ монда шавад.

2. Баррасии дархосту пешниҳодҳо ва аризаю муроҷиатҳои хаттию электронии шаҳрвандон, ки тариқи  шабакаҳои интернетии Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ  дар шаҳри  Душанбе   www.dushanbe.tj, почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com, сомонаҳои иртиботии иҷтимоӣ бо Раиси шаҳри Душанбе «Твиттер», «Фейсбук», «Мо метавонем», «Бе миёнаравҳо» ва бо   телефонҳои  боварӣ, навбатдории шабонарўзӣ  ворид мешаванд, ҳамарўза ба роҳ монда, шароит фароҳам оварда шавад, ки шаҳрвандон дар бораи  мушкилоташон ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе саривақт хабар диҳанд.

3. Китоби бақайдгирии муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон тариқи алоқаи телефонӣ (мобилӣ) дар шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе ташкил ва баррасии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба роҳ монда шавад.

4. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе шабакаҳои интернетии марбутаи ноҳияҳоро фаъол намуда, қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати саривақт баррасӣ намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон чораҳои мушаххас андешанд. Муроҷиатҳое, ки ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои шаҳрӣ барои баррасӣ фиристонида мешаванд, тибқи талаботи санадҳои меъёрии хуқуқии  амалкунанда ҳаллу фасл карда, дар муҳлатҳои муқаррарнамуда ба онҳо  посух дода шавад.

5. Шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Бекмуродов О.) мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва қарори мазкурро ба масъулини дахлдори ноҳияҳои шаҳри Душанбе фаҳмонида, рафти қабули шаҳрвандон, баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро  дар ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо  мунтазам мавриди  таҳлилу ҷамъбаст қарор дода, аз натиҷааш ҳар нимсола ба Раиси шаҳри Душанбе гузориш пешниҳод намояд.

6. Назорати иҷрои қарор ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

      М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

                                                                                                 Замимаи   

Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№306 аз 18.11. 2016

 

 

Ҷадвали

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе

 

Р\т

Мансаб

Ному насаб

Рӯз ва вақти қабул

Ҷойи қабул

1.

Раиси шаҳри Душанбе

Убайдуллоев М.У.

Рӯзи шанбе  

аз соати 9-00 то 12-00

Толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе

2.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе

Расулов А.Р.

Рӯзи душанбе

аз соати 17-00 то 19-00

Утоқи қабули шаҳрвандон

3.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

Ҳакимов .Н.Ҳ.

Рӯзи   сешанбе

аз соати 17-00 то 19-00

Утоқи қабули шаҳрвандон

4.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

Самадов Ш.Д.

Рӯзи   чоршанбе

аз соати 17-00 то 19-00

Утоқи қабули шаҳрвандон

5.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

Мақсудзода Ш.

Рӯзи   панҷшанбе

аз соати 17-00 то 19-00

Утоқи қабули шаҳрвандон

6.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

Лангариева Ҷ.С.

Рӯзи   ҷумъа

аз соати 17-00 то 19-00

 

Утоқи қабули шаҳрвандон