Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 December 2016

 Доир ба ҳисоботи муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои марбутаи истеҳсолию хизматрасонӣ оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №132-6 аз 21 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар шаҳри Душанбе» ва Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №128-13 аз 17 апрели соли 2008 «Дар бораи ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт»

 

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳисоботи муовини якум ва муовинони Раиси шахри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои марбутаи истеҳсолию хизматрасонии пойтахтро оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №132-6 аз 21 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар шаҳри Душанбе» ва Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №128-13 аз 17 апрели соли 2018 «Дар бораи ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт» мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, қайд менамояд, ки дар самти омодасозии соҳаҳои мухталифи шаҳри Душанбе аз ҷониби масъулин корҳои муайяне ба роҳ монда, иҷрои аксари нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида тибқи ҷадвал ва муҳлатҳои муайяншуда амалӣ шуда истодааст.

Новобаста аз ин, таҳлили ҷараёни корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ва маълумотномаи комиссияҳои муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе собит месозад, ки иҷрои қисмати чорабиниҳои ба нақша гирифташуда ба таъхир монда, дар ин самт камбудӣ ва норасогиҳои ҷиддӣ мушоҳида карда мешаванд ва чунин вазъ андешидани чораҳои фавриву мушаххасро тақозо менамояд.

Бо инобати ин, ҷиҳати  ҳаллу фасли таъҷилии масъалаҳо дар самти омодасозии ҳар як субъекти хоҷагидорӣ, новобаста аз шакли моликият, сохторҳои муҳандисии ҳаётан муҳим, муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 Қарори Раиси шаҳри Душанбе №252 аз 22 сентябри соли 2016 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №132-6 аз 21 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар шаҳри Душанбе» ба тасвиб расид, ки дар асоси он ситодҳои шаҳрии соҳавӣ бо роҳбарии бевоситаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба соҳаҳои ба зиммадошта таъсис ва аз 1 октябри соли ҷорӣ фаъолияти худро оғоз бахшиданд.

         Бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017, ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами соҳаҳои хизматрасонӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон, таъмини иҷрои пурраи нақшаи чорабиниҳо, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №132-6 аз 21 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар шаҳри Душанбе» тасдиқ гардидаанд, андешидани тадбирҳои иловагӣ дар самти таъмини мунтазам ва ғанӣ гардонидани  бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ниёзи аввалия ва ба ин васила ба танзим даровардану расонидани таъсири мусбат ба нархи маҳсулот, ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №128-13 аз 17 апрели соли 2008 “Дар бораи ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт” пешбинӣ гардидаанд, мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ» Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

 ҚАРОР  МЕКУНАД:

 1.                               Ҳисоботи муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои марбутаи истеҳсолию хизматрасонии пойтахт оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №132-6 аз 21 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар шаҳри Душанбе» ба инобат гирифта шуда, диққати муовини Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Ш. барои омода набудани ҳисобот оид ба ҷараёни Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №128-13 аз 17 апрели соли 2008 «Дар бораи ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт» ҷалб ва баррасии он ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе гузаронида шавад.

2.                               Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р.:

-                                 дар якҷоягӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” баҳри таъмини интиқоли мунтазами оби нӯшокӣ ҷиҳати аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” таъмин намудани хати иловагии нерӯи барқ барои истгоҳҳои насосии барориши сеюм чораҳои зарурӣ андешад;

-                                 дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии “Раёсати обёрӣ”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо инобати фарорасии мавсими боришот ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои фавқулода вобаста ба фаромадани сел барои таъмини ҳолати меъёрии каналу селпартоҳо ва такшингоҳҳо тадбирҳои мушаххас андешад;

-                                 ҳолати омодабошии техникаи коммуналии муассисаҳои давлатии истифодабарии роҳҳо ва корхонаҳои партовкашонии ноҳияҳоро дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва раисони ноҳияҳои шаҳр аз рӯи меъёри “омодагӣ дар хат” мавриди санҷиш қарор диҳад.

3.                               Муовини Раиси шаҳри Душанбе Самадов Ш.Д.:

-                                 дар якҷоягӣ бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе омодагии пурраи иншоотҳои барои қабули гармӣ ба нақша гирифташударо бо дастрас намудани шиносномаҳои тайёрӣ то 15 ноябри соли 2016 таъмин созад;

-                                 дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти саҳомии шакли кушоди “Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ” ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаи захираи мазути камсулфур барои таъмини фаъолияти мунтазаму нақшавии Маркази барқу гармидиҳии №1 чораҳои зарурӣ андешад;

-                                 ҷиҳати таъмини фаъолияти боэътимоди шабакаҳои барқтаъминкунӣ дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” оид ба иҷрои пурраи нақшаҳои омодагии тасдиқгардида чораҳои фаврӣ андешида, барои ҳаллу фасл намудани масъалаи таъминоти корхонаи мазкур бо маводу ашё, дастгоҳу таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва техникаи зарурӣ дар ҳамкорӣ бо ШСХК “Барқи Тоҷик” тадбирҳои иловагӣ андешад.

4.                               Муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. дар ҳамкорӣ бо:

-                                 Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиёт-хадамотрасон”, Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе назорати қатъии фаъолияти мунтазами ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари хусусиро, бахусус, дар мавсими зимистон ба роҳ монад;

-                                 роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатии коммуналии «Автобус-1», «Автобус-2, «Автобус-3» ва «Троллейбус» захираи лозимии сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётиро барои фаъолияти мунтазам дар мавсими зимистон таъмин намояд.

5.                               Муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С., Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо роҳбарони муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва фарҳанг фаъолияти самараноки муассисаҳои соҳаро дар мавсими зимистон ба роҳ монда,  ҷиҳати қабули самараноки нерӯи гармӣ ва таъмини бехатарии зиддисӯхтор чораҳои иловагӣ андешанд.

6.                               Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Ш. дар якҷоягӣ бо Корхонаи воҳиди давлатӣ “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” ва бозорҳои коммуналию хусусии  дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолияткунанда бо мақсади захира ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, аз байн бурдани миёнаравҳо ҳамкориро бевосита бо истеҳсолкунандагон, хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои гирду атрофи шаҳр ва вилоятҳои Хатлону Суғд,  дар  асоси  шартномаҳои  тарафайн  ба  роҳ  монанд  ва

иҷрои бечунучарои нақшаҳои захираи картошка, пиёз, орд, равған, ангиштсанг ва ҳезумро, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №132-6 аз 21 апрели соли 2016 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар шаҳри Душанбе” тасдиқ шудааст, таъмин намояд.

7.                               Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе:

-                                 ҷиҳати омодасозии пурраи раёсатҳои истифодабарии роҳҳо вобаста ба захиракунии маводу ашё, қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишворӣ барои мошину механизмҳо дар фасли зимистон тадбирҳои мушаххас андешанд;

-                                 омодагии пурраи иншооти фонди манзили ба нақша гирифташуда барои қабули нерӯи гармӣ ва дастрас намудани шиносномаҳои тайёрӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ бо ҷалби васеи соҳибмулкони манзил таъмин намоянд.

8.                               Раёсати хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе, Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе омодагии корхонаву ташкилот, муассисаву субъектҳои хоҷагидории дар ҳудуди шаҳри Душанбе воқеъбуда, дар навбати аввал, муассисаҳои соҳаи иҷтимоиро, вобаста ба таъмини чорабиниҳои пешгирикунандаи зиддисӯхторӣ, садамавӣ ва ҳолатҳои фавқулода таҳти санҷиши иловагӣ қарор дода, рафти бартарафкунии камбудиҳои ошкоргардидаро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

9.                               Муқаррар карда шавад, ки ҷараёни иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №132-6 аз 21 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар шаҳри Душанбе» ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе бевосита дар назди Раиси шаҳри Душанбе баррасӣ мегардад ва дар робита бо ин муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  маълумотномаҳои ҳарҳафтаинаи муфассалро оид ба рафти иҷрои Қарори зикршуда ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

10.                          Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори  мазкурро дар воситаҳои ахбори омма таъмин созад.

11.                           Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои саноат ва энергетика; нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо; фарҳанг, маориф, илм ва инноватсия; гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модар ва кӯдак; ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ гузошта шавад.

                    РАИСИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ                               М. УБАЙДУЛЛОЕВ