Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 December 2016

               15 декабри соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт»  иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ширкат ва муовинони Раиси шаҳру масъулини сохторҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ ва бахши хусусӣ, ки иҷрои нақшаҳои  истеҳсолию иҷтимоӣ, ба хусус воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва ташкили ҷойҳои нави кориро дар моҳҳои январ - ноябри соли равон  таъмин карда натавонистанд иштирок намуданд.

Вакилон  бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои  ба он шомилгардида: 

-   Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, буҷети шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016, буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2015 ва  вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри татбиқи Барномаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2017.

Оид ба рафти иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 128-13 аз 17 апрели соли 2008 «Дар бораи ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт»;

- Дар бораи эътироф намудани молу амвол вобаста ба тағйир ёфтани тарҳи шаҳри Душанбе;