Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 December 2016

         16 декабри соли 2016 дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси шаҳр, бо иштироки Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Қабл аз оғози ҷаласа, нахуст Раиси шаҳри Душанбе аз дастовардҳои варзишгарони пойтахт дар соли сипаришаванда махсус ёдовар шуда, дар расми тантанавӣ Назаров Дилшод Ҷамолиддинович - Қаҳрамони Бозиҳои 31 тобистонаи олимпии «Рио-де-Жанейро-2016» аз рӯйи намуди гурзпартоӣ, сокини шаҳри Душанбе, гирандаи стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба варзишагрони умедбахши шаҳри Душанберо бо манзили дуҳуҷрадори №22, бо масоҳати умумии 104,37 м2, воқеъ дар кӯчаи Деҳлавӣ, 2 қадршиносӣ ва бо унвони «Шаҳрванди ифтихории шаҳри Душанбе» сарфароз гардонид.  

Дар идома, Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки дар доираи татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати давлатии ҷавонон бо ибтикороти пайвастаю пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр наврасону ҷавонон дар асоси заминаҳои фароҳамоварда дорои имтиёзҳои зиёд буда, барои бо таҳсил ва фароғат фаро гирифтани онҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст ва таъкид сохт, ки мақсади фаъолияти Шӯрои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси шаҳри Душанбе пеш аз ҳама баррасии масъалаҳои рӯзмарраи ҷавонон, дастгирии ташаббусҳои созандаи онҳо баҳри рушди  самтҳои гуногуни ҷомеа, мусоидат намудан дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл таъмин кардани онҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар замири насли наврас, пешгирии гаравидани  бархе аз ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротиву тундгаро, ҷалби нерӯи ҷавонон ба тавсеаю тақвияти корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти мамлакат мебошад.

Идома бар он, Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба баланд бардоштани сифати таълим дар  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, тибқи заруратҳо зиёд намудани синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннию компютерӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ба хусус русӣ ва англисӣ, иштироки фаъолу дастрасии онҳо ба озмуну олимпиадаҳои эълоншавандаи сатҳҳои гуногуни фаннӣ, алалхусус бо роҳи интерактивӣ, бедор кардани завқу рағбати мактабиён ба азхуд намудани илмҳои техникию дастгирии ихтироъоти онҳо сухан гуфта, таъкид намуд, ки бояд сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии пойтахт ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад. Зеро тарбияи мутахассисони баландихтисос аз зинаи томактабӣ ва мактаб оғоз мегардад ва бо ин мақсад соли 2017 дар марзи шаҳр аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Соли маориф ва инноватсия эълон карда шуд.

 Ҳамзамон, афзуд, ки ҳоло ҷавонони пойтахт дар ҳамаи самтҳо фаъолияти назаррас дошта, барои рушди бахшҳои гуногун дар ташкилоту идораҳои дахлдор ва соҳибкорӣ масъулияти баланд ва босамарро  амалӣ намуда истодаанд. Дар шаҳри Душанбе барои дастгирии ҷавонон як қатор стипендияҳои шаҳрдорӣ  амал менамоянд, ки ин ҳама барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон роҳандозӣ гардидааст. Гузашта аз ин, ҳамасола дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тавассути Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад, ки ҳадаф аз онҳо дастгирӣ ва мусоидат ба солимии  ҷомеа мебошад.

Бо инобати таҳлилу бардоштҳо аз вазъи воқеии ҷавонони шаҳр дар ҷаласа бо иштироки аъзои Шӯро дар қатори вазифаҳои муайянгардида, ба ҳайси самтҳои авлавиятноку рӯзмарра сафарбарсозии оммавии нерӯи ҷавонон алайҳи таъсиррасонии зуҳуроти номатлуби ифротгароӣ ва ҳаракатҳои экстремистӣ, тақвият бахшидани донишҳои ҳуқуқии ҷавонон дар роҳи таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, ҳифз ва гиромидошти арзишҳои дунявии сохти давлатдорӣ ва риояи ҳатмии муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», таъсиси технопаркҳои муосиру ҷойҳои кории бо технологияҳи замонавӣ муҷаҳҳаз ва истифодаи оммавӣ аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ матраҳ карда шуданд.  

Дар ҷаласа Фурқат Пиров – сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе муовини Раис ва ҳамоҳангсози фаъолияти аъзои Шуро интихоб гардида, вобаста ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ аз ҷониби Раиси шаҳр баҳри роҳнамоии ҷавонон ҳидоятҳои судаманд сурат гирифтанд.

Дар ҷаласа, инчунин масъалаҳои дигари мубрами ҳаёти ҷавонони шаҳр мавриди таҳлилу баррасӣ ва муҳокимарониҳои амиқи Раиси Шӯро ва иштирокдорон қарор гирифта, барои пешрафти кор ва бартарафсозии бархе аз камбудиҳо дар фаъолияти ҷавонон ҷиҳати самтгирии минбаъда гуруҳи корӣ аз ҳисоби аъзои Шӯро таъсис дода шуд, ки бо амиқ матраҳ намудани масъалаҳо қарорҳои дахлдори ибтикории ҷовононро, аз ҷумла нисбати таъсис додани технопарки мустақил барои ихтироъкорони шаҳр, Фонди ҷамъиятии дастгирии ҷавонони шаҳри Душанбе, Маркази ҷамъиятии волонтёрӣ дар шаҳри Душанбе ва мушаххас намудани салоҳият ва масъулияти аъзоёни Шӯро дар ҷодаи мусоидат намудан ба татбиқи сиёсатии давлатии ҷавонон дар шаҳри Душанберо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ матраҳ намуда, ҷиҳати тадсиқ ба Раиси Шӯро пешниҳод намоянд.