Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 Декабрь 2016

Қарори раиси шаҲри Душанбе №361 аз 14 декабри соли  2016

Дар бораи таҷлили Соли нави 2017 дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли нави 2017 ва фароҳам овардани шароити мусоиди фарҳангу фароғатии идона барои сокинони шаҳри Душанбе, мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

Қарор мекунам:

1.  Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Соли нави 2017 тибқи замимаҳои №№1,2,3,4,5 тасдиқ ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе (Расулов А.Р., Лангариева Ҷ.С., Мақсудзода Ш., Самадов Ш.Д., Ҳакимов Н.Ҳ.), раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Ализода С.А., Қурбонов А.Ҷ., Сиёмардзода С., Табарзода Ҷ.А.),   сохторҳои марбутаи шаҳрӣ татбиқи онҳоро таъмин ва дар ин замина шароити заруриро барои ташкили чорабиниҳои идона, сайругашти оммавию фароғати сокинони шаҳр дар рӯзҳои ид муҳайё созанд.

2.  Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Ҷалолов Н.М.) дар ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ дар шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешида, иштироки беҳтарин санъаткорону мутахассисони касбиро дар баргузории чорабиниҳои солинавӣ таъмин намояд.

3.  Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (Юнусов Н.И.) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Таҷрибавӣ-истеҳсолӣ   оид   ба   шаклҳои   хурди   меъморӣ»-и  шаҳри  Душанбе  (Сафаров А.Ф.) ороиши бадеии шаҳри Душанберо ба муносибати Соли нави 2017 таъмин намуда, доир ба таъмири  унсурҳои ороиши барқӣ, гузоштани конструксияҳои ороишӣ бо ливоҳои ранга чораҳои мушаххас андешанд.

4.  Аз сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар рӯзҳои ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои солинавӣ мукаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитариро дар шаҳри Душанбе ва Маромномаи сокини пойтахтро риоя намоянд.

5.  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.Қ.) дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Салимов А.М.) дар рӯзҳои ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон  чораҳои иловагӣ андешанд.    

6.  Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

7.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси  шаҳри Душанбе Расулов А.Р. гузошта шавад.

 М.Убайдуллоев

Н А Қ Ш А И

 чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Соли нави 2017