Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 Декабрь 2016

 26 декабри соли  2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ таҳти раёсати Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор  гардид.

Дар ҷаласа ҳамчун масъалаи асосӣ - тарҳрезии барномаҳои амиқи Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, сохторҳои марубтаи он ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт доир ба татбиқи вазифаҳои дар Паёми Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли равон баён гардиданд, мавриди баррасӣ ва иҷро қарор дода шуданд.

Дар ин зимн, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони тамоми сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ташкилоту идораҳои муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дастур фармуд, ки бо таҳлилу омӯзиши ҳамаҷонибаи Паём дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин  барномаи амали шаҳрдориро оид ба татбиқи пайвастаю пайгиронаи он таҳия ва барои тасдиқ манзури Раиси шахр намоянд.

Идома бар он, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанберо вазифадор намуд, ки бо инобати бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017  баҳри сазовор таҷлил намудан ва ба ин васила мусоидат кардан дар тақвияту тавсеаи сиёсати давлатии ҷавонон дар шаҳр, инчунин густариш бахшидан ба заминаҳои мавҷудаи инкишофи ҷавонон, баланд бардоштани масъулият ва нақши онҳо дар пешрафти самтҳои мухталифи ҷомеа барномаи мушаххаси хусусияти касбидоштаро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод созад.

Ҳамзамон, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев масъулини шаҳрдорӣ, дастгоҳи Раиси шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаро муваззаф сохт, ки  бобати иҷрои вазифаю дастурҳои мушаххасгардида барои соли 2017 дар иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум аз 15 декабри соли равон нақшаи чорабиниҳоро тарҳрезӣ ва мавриди татбиқ қарор дода, дар таносуби ҳар як сохтори шаҳрӣ барномаи амал тарҳрезӣ ва дар ин хусус Қарори дахлдори Раиси шаҳр омода карда шавад.

Гузашта аз ин, дар ҷаласа Раиси шаҳр нисбати нокифоя будани тадбирҳои роҳандозишуда оид ба таъмини  риояи одобу фарҳанги шаҳрнишинӣ, Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ, ба хусус то ҳол аз ҷониби бархе аз сокинон фарқ нагузоштан байни либоси хонагӣ ва либосҳои ҳамарӯза баҳри сайру гашт дар боғҳои фароғатию ҷойҳои ҷамъиятӣ изҳори нигаронӣ намуда, мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқро вазифадор кард, ки дар ин самт чораҳои қатъии пешбининамудаи қонунгузориро муассиртар татбиқ намоянд.

Дар ҷаласа, инчунин дигар масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама то охири сол таъмин кардани иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр дар соли равон, манфиатнок истифодабарии иншооти моликияти коммуналӣ ҳамчун сарчашмаи  даромадҳои буҷетӣ, тариқи иҷора ба хоҷагиҳои гулпарварӣ вобаста кардани қитъаҳои замини таъинотии шаҳр, вусъати тадбирҳои зидди коррупсионӣ ва барномаҳои сабзкорию ҳолати экологӣ, вазъи санитарию эпидемиологӣ ва зиддисӯхторӣ, фаровонии бозори истеъмолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷараёни зимистонгузаронӣ ва кам кардани талафоти нерӯи барқ, алалхусус бе мавҷудияти санади Комиссияи давлатии қабули иншоот барои истифодабарӣ ва шартномаҳои тарафайн манъ доштани интиқоли қувваи барқ дар биноҳои ҷадиди сохтмонашон анҷомёфта, хизматрасониҳои коммуналӣ, ба хусус нақлиёти ҷамъиятӣ, ороиши мавзӯии шаҳр ба муносибати истиқболи соли нав ва барномаҳои солинавии шаҳрдорӣ матраҳ карда шуданд.