Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 Январь 2017

 Қарори раиси  шаҲри    Душанбе № 424  аз  30 декабри соли 2016

Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли мансабҳои      холии  маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри  Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

 Бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати давлатӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок дар хизмати давлатӣ, инчунин таъмини шаффофияту болоравии касбии хизматчиёни давлатӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва банди 6 Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №647 аз 10 марти соли 2016  тасдиқ  шудааст,

                                                 ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон карда шавад:

а) дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе:

-     ёрдамчии Раиси шаҳри Душанбе;

-     мудири шуъбаи умумӣ ва протокол;

-     мудири шуъбаи назорат;

- мудири шуъбаи саноат ва энергетика;

- мудири шуъбаи ташкилӣ;

- сармутахассиси шуъбаи кадрҳо -2 ҷой;

- сармутахассиси шуъбаи маъмурию ҳуқуқӣ;

- сармутахассиси шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотӣ;

- сармутахассиси бахши корҳои махсус;

- мутахассиси пешбари  шуъбаи ташкилӣ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандон;

- мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;

- мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинӣ;

- мутахассиси пешбари шуъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия;

- мутахассиси шуъбаи коммуналию муҳандисӣ.

                        

 б) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе:

-     муовини сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдо;

-  муовини сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;

-     муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оила;

-     мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

-     сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо;

-       сармутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;

-     сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оила;

-     сармутахассиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

-       сармутахассиси шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе - 2 ҷой;

-     сармутахассиси бахш оид ба ҳуқуқи кӯдак;

-     мутахассиси пешбари Раёсати кор бо занон ва оила;

-     мутахассиси пешбари Раёсати рушди иқтисод ва савдо - 2 ҷой;

-       мутахассиси пешбари шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ;

-       мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;

-     мутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо;

-     мутахассисиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ;

-       мутахассиси шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

          2. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

        3.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

Довталабон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои зеринро ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд:

 

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

 

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси

  андозаи  4x6 );

 

- тарҷумаи ҳол;

 

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

 

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс  собиқаи  меҳнатӣ надорад);

 

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

 

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

 

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

- маълумотнома дар шакли электронӣ (резюме).

 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефонҳои     221-35-68, 221-62-56  муроҷиат  намоянд.

  

ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ БАРОИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ МАЪМУРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 

Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи дуюм:

       таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

       2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

       дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

       малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи сеюм:

       таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

       4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

       дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

       малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. 

Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи чорум:

       таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

       3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

       дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

       малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. 

Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи панҷум:

       таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

       2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

       малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ. 

Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи шашум:

       таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад. 

Барои ишғолкунандагони мансабҳои маъмурии категорияи ҳафтум:

       таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

Мансаб

Категория

Музди меҳнат

(сомонӣ)

Ёрдамчии Раиси шаҳри Душанбе

5

894

Мудири шуъба

3

1208

Мудири бахш

4

992

Сармутахассис

5

894

Мутахассиси пешбар

6

733

Мутахассис

7

603